Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мо). Акнун усто Оқилро гӯё бо он шахсе роҳгумкарда муқоиса мекунад (журн. «Шарқи Сурх»).

Набосад орзуе хубу хуштар аз дунё,
Ба ғайри дидаи бино барои нобино.

(А. Деҳотӣ)

б) Бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ: бечора Одина, сад гуна корҳо, мискин ҳарак, пора-пора чагбут, як соата ҷанг, имрӯза бӯрон, якчандмоҳа фосила. Дар натиҷаи яксоата ҷанг ба бисёр кам босмачиён гурехта халос шудан насиб шуд (С. Айнӣ, Ятим). Дар натиҷаи имрӯза бӯрон... дар дашт ҳеҷ ҷонзоде ба назар наменамуд (С. Айнӣ, Ятим). Аз ҷойҳои даридаи ҷомаҳошон пора-пора чагбут баромада меистод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

  1. Исм + исм. а) Бо бандаки изофӣ: соати тилло, дафтари талаба, оби чашм, шоҳи бодом, сафари Кӯлоб, таслими шаҳр, орзуи саводомӯзӣ, забони араб, муҳтоҷи навозиш, ашки олам, дарёи Оҳангарон, хонаи Каримоно, тамошои шаҳр, тӯшаи роҳ, ҷомакӯҳнаи алоча, андешаи модарам, тайёрии сафар, олами сиёсат, сайҳати Ҳиндустон, мутолиаи китоб, мулоқоти Горький, хӯриши паррандагон, ороиши боғ, хурсандии дӯстон, вазнинии бор, дӯстдории китоб, гуруснагии роҳ.

Дар забони тоҷикӣ қолиби ибораҳои исму исме низ маъмул аст, ки ба воситаи бандаки изофӣ аз такрори айнан як калима сохта мешавад. Исмҳои таркибии чунин ибораҳо номи ҷинси инсон (мард, зан) ё сифатҳои исмгардида мебошанд, ки хосият ва хислатҳои шахсро (далерӣ, паҳлавонӣ ва ғ.) ифода мекунанд: зани занон, марди мардон, далери далерон, паҳлавони паҳлавонон. Дар байни ҷузъҳои ин қабил ибораҳо муносибати ҷудой мавҷуд буда, ҳиссаи тобеъ тобеъкунандаи худро аз он ҷиҳат эзоҳ медиҳад, ки вай беҳтарини ҳамчинсони худ мебошад: Инак, дар майдони машқи сарбозон Ёдҳишетаки паҳлавони паҳлавонон ва Виркани ҷӯяндаи ин номи фоҳира аз ду ҷониб баромаданд (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ).

б) Бо пешоянд. Бо пешоянд омада бо ҳам пайванд гардидани исмҳо дар сайри таърихии такомули забони адабии тоҷик ҳодисаи дертар буда, бо таъсири ибораҳои феълӣ ба амал омадааст. Дар ин бобат махсусан таъсири он ибораҳои номӣ, ки ҷузъи тобеашон сифати феълии дорои пуркунанда ва ҳолҳои тобеъ мебошад, калон аст.

Бо пешоянди аз: ҳалосӣ аз марг, шикоят аз пирӣ, як қисм аз шарикдарсон: Агар мо шеърҳои Рӯдакиро аз рӯи мавзӯъ ва мундариҷа тақсим намоем, тақрибан ба тарзи зерин мешавад: ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ,... шикоят аз пирӣ ва афтодагии худ... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Бо пешоянди ба: Аз муроҷиат ба ягон идора ва мададпурсӣ дар бобати дохил шудан ба интернат шарм медоштам

пешина
аз 312
навбатӣ