Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
(С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ин сулҳ, албатта, пештар аз ҳуҷуми Чингиз ба Осиёи Миёна барпо шудааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Хизмати содиқона ба халқу Ватан... ин таронасарои ишқу озодиро ба қуллаҳои шаъну шараф бардоштааст (Н. Маъсумӣ, Суханҳои вирди забон).
Бо пешоянди бо: шиносоии ман бо Горький хеле дер ба ҳам расид (С. Айнӣ, Куллиёт). Оббозии бо собун дар ҳузури ҳуди тута Люба ба амал омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар зиндагӣ, дар муомила бо мардумон хоксор ва содда буд (Р. Ҳошим, Ҳайкали бузурги назм).
Бо пешоянди дар: Корнамоии дар коинот, қаҳрамонӣ ва ҷасорате, ки рафиқон П. И. Беляев ва Н. А. Леонов зоҳир намуданд, дили одамони советиро бо ҳисси шодию хурсандии ва ифтихор пур мекунад (газ. «Тоҷикистони Советӣ»).
Бо пешоянди бар: Зафар бар Ёдҳишетак ӯро паҳлавони лашкари подшоҳ хоҳад кард (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ).
Пешоянди бар дар сохтани ибораҳои номӣ бо калимаҳои зидди, муқобили дар шакли таркибӣ низ ба кор бурда мешавад: Онҳоро ба отрядчиён бурда дода, фахр мекардем, ки дар мубориза бар зидди босмачиён ба калонсолон мадад мерасонем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Бо изофат ва пешояндҳои аслӣ (аз, то, бо), пешояндҳои номӣ (назди, тағи, пеши) ва пешояндҳои таркибӣ (оид ба, доир ба, дар бораи, дар хусуси, баъд аз, пас аз, пеш аз ва ғ.). Тазкиранависон мегӯянд, ки Фирдавсӣ барои додхоҳии аз залама, дар хусуси андози хироҷ аз Тӯс ба Ғазнин рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо намунае аз айёми бачагиҳоят ва ҳаёти то дарбориат дида намешавад (С. Айнӣ, Куллиёт). Масофаи то ҳаёт аз хонаи деҳагии мо як чақрим ҳам натеомад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Тӯраи валиаҳд ғайр аз кӯпкоритозӣ ва шикори бо шоҳин, бедонабозиро ҳам дӯст медошт. Боре яке аз китобҳои оид ба мантиқи Абӯалӣ Сино ба Шероз расид (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин ривоят росттари нақлҳои оид ба Рӯдакӣ ва Рӯдак мебошад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Беҳтарини ровиҳои дар бораи Фирдавсӣ Низомии Арӯзии Самарқандӣст (С. Айнӣ, Куллиёт). Устод Рӯдакӣ, Муродии Бухорӣ, Дақиқӣ ва дигарҳо... сардафтари адабиёти баъд аз исломии форс-тоҷик ба шумор мераванд (С. Айнӣ, Куллиёт) С. Айнӣ дар тамоми муддати зиндагии пас аз революсионӣ худ, тамоми асарҳои бадеиро, ки аз русӣ ба забонҳои ба вай мафҳум тарҷима мешуданд, бо диққати тамом хондааст (Р. Ҳошим, Айнӣ ва адабиёти рус). Иброҳимбекро дар сари дастаи дуздони пеш аз инқилоб нишон додан дуруст нест (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман дар мамлакат расм ниҳодаам, ки кӯчагардони баъд аз хуфтанро бикушанд (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ).
Пешояндҳои мисли, монандӣ, чун, ҳамчун ва синонимҳои онҳо низ ду исмро ба ҳам пайванд намуда, ибораҳои исмӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё