Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мушоҳида мешавад. Зарфҳо бо ҷузъи асосӣ одатан дар алоқаи ҳамроҳӣ меоянд.

Ҷузъҳои ибора мисли аъзоҳои пайрави ҷумла муносибатҳои умумии муайянкунандагӣ, пуркунандагӣ ва ҳолиро ифода кунанд ҳам, ҳар кадоми он муносибатҳо зимни маъноҳои конкретии гуногун падидор мегарданд. Чунончи, дар ибораҳои исмӣ, ки калимаи тобеашон ҳам исм аст, маънои умумии муайянкунандагӣ муносибати соҳибият (хонаи Нодир), замонӣ (бори баҳор), маконӣ (сайри Ширбадан), таъинот (корди ош, миқдори шамъ), субъектӣ (хониши булбул), объектиро (ҳимояи Ватан) низ дар бар мегирад.

  1. Қоидаи иборасозӣ ба табиати морфологии ҳиссаҳои гуногуни нутқ, ки вазифаи ҷузъи асосӣ ё тобеи ибораро адо мекунанд, алоқаманд аст, чунки ҳар кадоми онҳо аломату категорияҳои грамматикӣ ва шаклҳои хоси ифода доранд. Масалан, сифат аломату хосияти предметро мефаҳмонад ва бештар бо бандаки изофӣ ба исм тобеъ мешавад: осмони соф, гули хушбӯй, роҳи дур, одами раҳмдил, ғалабаи дурахшон. Ё ин ки феълҳои гузаранда объекти бевосита талаб мекунанд. Ҷузъи тобеи ибораи феълӣ бо пасоянди -ро (ё бе он) алоқаманд шуда, ҳамин эҳтиёҷи феълҳои гузарандаро қонеъ мегардонанд: обро дидан, меҳмонро пешвоз гирифтан, планро иҷро кардан, ҳезумро арра кардан, либос шустан ва ғайра. Азбаски масдар монанди исм номи амалро мефаҳмонад, дар алоқаи изофӣ ҳам ибора сохта метавонад: пешвоз гирифтани меҳмон, шустани либос ва ғайра.

Дар ташкили ибора ва ба ҳамдигар алоқаманд шудани калимаҳо на танҳо мансубияти морфологии калимаҳо, балки муносибати маънои луғавии онҳо низ аҳамият дорад. Аз ҳамин сабаб калимаҳое, ки ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ мансубанд, аз ҷиҳати маъно ба якдигар наздикӣ зоҳир намуда, бо гурӯҳи муайяни калимаҳо бо воситаҳои муштараки грамматикӣ алоқаманд мешаванд. Масалан, ибораҳои исми сӯҳбат бо шоир, ҳисобот аз равиши кор бо ибораҳои феълии бо шоир сӯҳбат кардан, аз равиши кор ҳисобот додан бо як хели алоқаи грамматикӣ сохта шудаанд. Ҳарчанд дар ибораҳои мазкур муносибатҳои муштараки маъноӣ ва грамматикӣ ифода ёфтаанд, баъзе тафовутҳо боқӣ мемонанд: масдар номи амалу ҳолати конкрет аст, аммо дар исмҳо ба тариқи умумӣ ифода кардани амалу ҳолат мушоҳида мешавад. Ибораи бо депутат вохӯрдан пеш аз ҳама маънои бо депутат рӯ ба рӯ омадан, вохӯрӣ бо депутат бошад, ҷамъомади интихобкунандагонро мефаҳмонад.

Дар роҳҳои гуногуни ифодаи як муносибат низ фарқият дида мешавад. Масалан, дар ибораҳои исми изофии сайри кӯҳсор, тамошои шаҳр ва ғайра муносибатҳои муайянкунандагию ҳолӣ ё муайянкунандагию объектӣ якҷоя ифода шуда бошанд, дар ибораи феълии кӯҳсорро сайр кардан ва шаҳрро тамошо кардан муносибати объектӣ бо маконӣ омехта ифода шудааст.

пешина
аз 312
навбатӣ