Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҷавон. 15) Вафо аз қафо меомад, ҳамчунон ошуфтаву парешон буд. 16) Сумкаи чармин дар дасташ (Ҳамон ҷо).
IV. 17) Баъди ош Нодир аз бағалкисааш гиреҳакеро бароварда, аз як тарафаш бо дандон газида, яла кард. 18) Дар латтапора ним каф ҷои кабӯд баста шуда буд. 19) Ҷои кабӯди асил (Ҳамон ҷо).
Аз 19 ҷумлаи ин чор порча 18-тоаш ҷумлаҳои содда мебошад. Аммо маъно ва таркиби ҷумлаҳои 6, 7, 8, 9, 12, 14, 16 ва 19-ро бе матн муайян намудан ва матлаби нависандаро фаҳмидан имконнопазир аст. Ин хусусият ба ҷумлаҳои соддаи диалогӣ бештар хос аст. Аммо ҳамаи ҷумлаҳои соддаро хусусияти умумӣ ва асосии ҷумла — категорияи предикативӣ муттаҳид менамояд. Категорияи предикативӣ ва интонасияи хабарии ҷумла ифодаи фикр ва маънои модалияти ҷумларо дар яке аз замонҳо имконпазир мегардонад. Маъно ва тарзи ифодаи замони синтаксисӣ аз маъно ва тарзи морфологии замон фарқ дорад, аз он хеле васеъ мебошад. Категорияи замони синтаксисӣ ба воситаи 1) сохти худи ҷумлаи содда, 2) феълҳои мустақил, ки хабари ҷумла шуда меоянд, 3) феълҳои ёридиҳанда (дар ҷумлаҳои ғайрифеълӣ) ва 4) бандакҳои хабарӣ ифода мешавад:
-
Фарзанд — меваи ширин (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Ман — як духтари оддӣ (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ).
-
Дар майдони лаби сангоб устои мӯсафед назди устохонаи пастаки худ ҷувозкунда метарошид (С. Улуғзода, Восеъ). Саидали бо як гурӯҳ одамонаш дар сари ҳавзи калон нишаста буд (С. Улуғзода, Восеъ). Шамоли сахт мевазид (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Автобус омад (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна).
-
Вай то синни чиҳилсолагимаш полвон будааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Номи ӯ Абӯ буд (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Ализода ҳамкасби мост (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ).
-
Вай ҳам одами мустақил аст (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ).
Таснифоти ҷумлаҳои содда
Ҷумлаҳои содда аз ду ҷиҳат тасниф карда мешаванд: аз ҷиҳати таркиб ва аз ҷиҳати мақсаду интонация. Ҳангоми тас-нифи таркибӣ иштироки аъзоҳои ҷумла, вале дар вақти тасни-фи ҷумлаҳои содда аз ҷиҳати мақсаду интонация матлаб, тар-зи ифода ва интонацияи ҷумла ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ҷумлаҳои содда вобаста ба иштироки сараъзоҳои ҷумла дутаркиба ва яктаркиба мешаванд.
- Ҷумлаҳои соддае, ки дар ташкили онҳо сараъзоҳои ҷум-ла — мубтадо ва хабар иштирок менамоянд, дутаркиба ном доранд. Ин гуна ҷумлаҳо аз ҷиҳати интонация ба ду тақсим мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё