Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҶУМЛАИ САВОЛӢ

Дар ҷумлаҳои саволӣ фикр ва мақсади гӯянда ба тариқи пурсиш ифода мешавад. Ҷумлаи саволӣ аз дигар хели ҷумлаҳои содда бо он фарқ мекунад, ки шунавандаро ба додани маълумот водор менамояд. Дар ин гуна ҷумлаҳо гӯянда аз ҳамсӯҳбати худ ягон чизро фаҳмидан мехоҳад:

— Чаро ин қадар ҳаял кардед? Аз Пётр-акаам ягон хабар ҳаст? Акбарро дидед ё не? Оё хонаи моро кофтуков накарданд? Одамони подшоҳ аз Шӯроб рафтанд ё не? Шумо сабр кунед, сабр кун, духтари Александр, ман аз як сар ҷавоб медиҳам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Чормағз? Кадом чормағз? Канӣ чормағз? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Боз чӣ хел таклиф лозим? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ба ҷойҳои мо аз ин пеш омада бубед, ё ин сафари аввалинатон? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Дадо, вай ангиштро чӣ хел меҳӯрад? Дандонаш дар куҷояш? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷумлаҳои саволӣ аз рӯи маънову мазмуни умумиашон ба ҷумлаҳои саволии хосса, саволии риторикӣ ва саволии водоркунӣ тақсим мешаванд.

Гурӯҳи асосӣ ва сермаҳсули ҷумлаҳои саволиро ҷумлаҳои саволии хосса ташкил менамоянд. Саволи ҷумлаҳои саволии хосса ҳатман ҷавоб талаб мекунад:

— Ту аз ман хафа нестӣ? (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Оё шуморо боре аз минбар фуровардаанд? (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунҷакӣ). Чаро ин бача аз ту шарм карда рӯяшро мепӯшад? (С. Улуғзода, Восеъ). Дар куҷо истиқомат кардани ҳастӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ту магар Ҷамолхоҷа нестӣ? (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

— Ҷумлаҳои саволии хосса ғайр аз савол тобишҳои модалии тааҷҷуб, ҳайрат, шубҳа, тахмин, нобоварӣ, гумон, қатъият, боварӣ, муҳокима ва ғайра дошта метавонанд:

Чаро аз онҳо хабар нест? Чаро ягон чопар нафиристоданд? Чӣ шуд? Магар ба дасти қизилбош афтода шаҳид шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Чӣ бояд кард? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Мард маъно ҳам ин хел сернозунуз мешавад? (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунҷакӣ). Наход ки вай дар ҳақиқат ҷосуси бек бошад? (С. Улуғзода, Восеъ).

Ҷумлаҳои саволии риторикӣ. Саволи ин навъ ҷумлаҳо рамзӣ, рӯйпӯш буда, ҷавоб талаб намекунад, дар ин гуна ҷумлаҳо тасдиқу инкори фикр ва ҳукм дар шакли савол ифода мешавад. Саволи риторикӣ ҳамчун воситаи услубии ифодаи образнокии нутқи бадеӣ истифода мегардад:

Деҳ куҷову дарахтон куҷо? (Зрб.). Кӣ канад ҷон, кӣ хӯрад нон (Зрб.). Нокардакор, туро ба ин кор чӣ кор? (Зрб.). То кай мо ҷафо некашем? (С. Улуғзода, Восеъ). То кай бағали моро бормағзи пуч пур карда мегардад? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

пешина
аз 312
навбатӣ