Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Носир Аббос чизе нагуфт (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Чӣ гуфтаашро намедонист (Сорбон, Ҷӯгӣ).

Надонам дар куҷои синаи ман дарди ширине
Аёну ноаён месӯҳт ҳамчун ёри дерине...

(М. Қаноат)

Дарёст пуробу масту бехуд,
Дар соҳили хештан нагунҷад.
Ҷони мани беқарору бедил
Дар маҳкамаи бадан нагунҷад.

(Лоиқ)

Бад мабар, дигар наёзорам туро,
Рӯи хоки хорӣ нагзорам туро.

(Лоиқ)

Дар услуби мунтани адабӣ, алалхусус дар назм, префикси инкории ма- низ истифода мешавад:
Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол (М. Турсунзода, Ҷони ширин). Чашмро, эй ҷони ман, аз сӯи ман ҳаргиз макан (М. Турсунзода, Куллиёт).
Бо сиғаи амр ва калимаи бод (бодо) омадани ма- маъмул аст:

Бе рӯи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод,
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод.

(Рӯдакӣ)

Дар хабарҳое, ки бо феълҳои таркибии номӣ ифода шудаанд, префикси инкории на- бо феъли ёридиҳанда меояд:
Ман шуморо як умр фаромӯш намекунам (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Онҳо ба ҳам ваъдаи мулоқот надода буданд (С. Улуғзода, Восеъ). Овозаш ҳоло шираи худро гум накарда буд (С. Турсун, Модар).
Агар дар таркиби ҷумла феълҳои модалӣ омада бошанд, аффикси инкориро асосан онҳо қабул мекунанд:
Дар сари роҳи соҳибистеъдодон набояд монеае бошад (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Одамони хуб набояд бимиранд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ту набояд дар пеши дигарон ин гапро такрор кунӣ (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут). Ману ту набояд аз дигарон қафо монем (Ю. Акобиров, Норак).
Ҳолати бо феъли модалӣ наомада, бо феъли асосӣ омадани префикси инкорӣ низ мушоҳида мешавад:

пешина
аз 312
навбатӣ