Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ту бояд одамони обрӯнокро маранҷонӣ (Ҳ. Назаров, Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона). Патруле сояи моро бояд набинад (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Бо хабарҳои таркибҳои феълӣ ду тарзи истифодаи префикси на- ба назар мерасад:

  1. Префикси инкорӣ ҳамчун қоида бо феъли ёрӣдиҳанда меояд:

Ӯ мактубро хонда надод (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Ҳуруфоти печ дар печи арабиро то ҳанӯз дуруст хондаву навишта наметавонист (Р. Ҷалил, Шӯроб).

  1. Ҳангоми ба вазифаи ёрӣдиҳандаи феълҳои таркибии феълӣ омадани феълҳои истодан, будан ва мондан префикси на- бо феъли аслӣ, яъне бо шакли ғайритасрифӣ меояд:

Он вақт ба маънии гапҳои вай нарафта будем (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Одамон ҳоло нарафта истодаанд (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Ҳеҷ кадоме дар умраш қалам ба даст нагирифта буд (С. Улуғзода, Восеъ).

Ҳангоми бо сиғаи хоҳишмандӣ (бо суффикси -й) ифода шудани хабар ду ҳолат мушоҳида мешавад: префикси инкорӣ ҳам бо феъли аслӣ ва ҳам бо феъли ёрӣдиҳанда омада метавонад, аммо бо феъли ёрӣдиҳанда омадани он серистеъмол аст:

Аммо Коля ҳаргиз бас кардаӣ набуд (Ю. Акобиров, Норак). Лекин Зулфия ҳам асло суст омаданӣ набуд (Ю. Акобиров, Норак). Муҳаррам пулро нагирифтанӣ буд (Ч. Икромӣ, Духтари оташ). ...Торик шудани рӯзро ҳам нафаҳмида монда буданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ман ба дарун даромадам, надониста мондам... (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид)

Тарзи дигари ифодаи инкор дар ҷумлаҳои содда ба усули калимасозӣ алоқаманд аст. Дар забони тоҷикӣ якчанд префиксҳое ҳастанд, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сифати манфӣ месозанд. Ба ин гурӯҳ префиксҳои но-, бе-, ғайри — дохил мешаванд. Префикси но- бо сифати феълӣ низ меояд. Ҳангоми ба вазифаи хабар омадани ин гуна калимаҳо ҷумла маънои инкорӣ мегирад:

Ин гапат нодуруст! (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Мулоқот душвор ва ҳатто номумкин буд (С. Улуғзода, Мунтахабот). -...сари он кӯҳ дар даруни туман нопайдо буд (С. Улуғзода, Навобод)... табассум аз рӯяш нопадид гашт (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Дарди вай ҳамеша бедавою бедармон аст (Ю. Акобиров, Норак). Шиносоии ин ду марди наҷиб барои ҳарду... ғайричашмдошт буд (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат).

Як гурӯҳ ҷумлаҳои соддаи инкорӣ ба воситаи ҳиссаҷаи инкории на, не сохта мешаванд. Ҳиссаҷаи инкории на дар шакли алоҳида хеле кам истифода мешавад. Ин ҳиссаҷа одатан пеш аз калимае меояд, ки инкор ва задаи мантиқӣ ба вай мансуб аст. Дар ин гуна мавридҳо на танҳо маънои инкору таъкид, инчунин

пешина
аз 312
навбатӣ