Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тафсонро ба ҳиссаи аз ҷиҳати шаклу маъно ягона ва тағйирнопазири структураи синтаксисӣ табдил додааст.

  1. Ҷумла воҳиди асосии синтаксис мебошад. Калимаю ибораҳо ба ҳам алоқаманд шуда ҷумларо ташкил медиҳанд.

Забон ҳамчун олоти мубодилаи фикр ва омили алоқаи аъзоёни ҷамъият вазифаи асосии коммуникативии худро ба воситаи ҷумла адо мекунад. Ҷумласозӣ ва ҷумлабандӣ масъалаи асосии баҳси ин боби грамматика буда, қонунияти таърихии забонро дар бар мегирад. Ҷумла дар навбати аввал аз се чиҳат — маъно, вазифа (функция) ва созмон (структура) омӯхта мешавад. Ҷумла маънои грамматикӣ ва омилҳои хоси ифода дорад. Структураи маъноӣ ва таҷзияи актуалии ҷумлаҳои забони тоҷикӣ ҳанӯз тадқиқ нашудааст.

Ҷумлаҳо аз ҷиҳати сохт, структура ва вазифаашон ба хелҳо ҷудо мешаванд: ҷумлаҳои соддаю мураккаб; яктаркибаю дутаркиба; хулласу тафсилӣ; пурраю нопурра; тасдиқию инкорӣ; хабарӣ, саволӣ, амрӣ, хитобӣ аз ҳамин қабиланд. Ҷумлаи содда аз ҷиҳати маъно ва оҳанги гуфтор кам тадқиқ шудааст.
Ҳангоми мубодилаи афкор гӯянда метавонад дар ягон бора маълумот диҳад, хурсандӣ изҳор намояд, амру фармон диҳад, ба амале даъват кунад ва ҳоказо. Вобаста ба мақсаду оҳанги гуфтор ҷумлаҳои содда хабарӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд. Дар қисми ҷумлаҳои мураккаб тарзи ташаккул, муносибати ҷумлаҳои содда ва воситаҳои алоқаи грамматикии онҳо дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб ва муродифоти онҳо аз муҳимтарин масъалаҳо ба шумор мераванд.

Интонацияи хабарӣ ва хусусияти предикативӣ аломатҳои асосии ташаккули ҷумла ҳисоб меёбанд. Калимаву ибора дар ҷумла алоқаманд шуда, ба интонацияи хабарӣ молик мегарданд. Интонация ҳамчун воситаи барҷастаи грамматикӣ ба сифати ҷумлаи мустақил истифода шудани калимаҳои алоҳидаро низ имконпазир мегардонад. Ҷумла ба василаи интонацияи хабарӣ доштанаш ҳам аз ибора ба кулӣ фарқ мекунад.

Бояд гуфт, ки дар ҷумла мақоми феъл хеле бузург аст, чунки вай ба вазифаи хабар омада, бо ёрии категорияҳои грамматикии сиға, замон ва шахсу шумора ба воқеияти амалу ҳолат далолат мекунад ва ба туфайли ифодаи муносибати предикативӣ меҳвари бунёди ҷумларо ташкил медиҳад. Аммо замону модалият дар хабарҳои номӣ ҳам ифода мешаванд.

Категорияи модалият муносибати мундариҷаи ҷумларо нисбат ба воқеият, ки аз тарафи гӯянда муқаррар шудааст, ифода менамояд. Модалияти ҷумла на танҳо ба воситаи сиғаи феъл, инчунин бо калима ва ҳиссачаҳои модалӣ ва интонация ифода мешавад.

Воқеияти амалу ҳолати ҷумла бо категорияи замон алоқаманд аст. Маънои синтаксисии замон дар ҷумла зоҳир мешавад. Ҷумлаҳои унвонӣ ҳам ба замон далолат мекунанд.

Муносибати предикативӣ, ки бо категорияҳои замон, модалият

пешина
аз 312
навбатӣ