Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҳам бензофа меоянд: Ду мусофир бо ҳам ба сафар мерафтанд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Чор нафар бачаҳои майда дар атрофи пиразани ҳамидақомат мисли парвона давр мезаданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар поён ду саги ҳалқадуми дарозгӯш буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Чор кас ба пеши чойхонаи сурх омада, аз асп фуромаданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
г) Ибораҳое, ки қисм ё ҷузъи миқдори муайяни предметҳои умумиро ифода мекунанд, низ дар ҷумла мубтадо шуда меоянд: Яке аз колхозчиён аз ҷой хеста дасташро боло кард (С.
Улуғзода, Навобод). Яке аз шогирдпешагони бухорогии амлокдори сари ҷӯй аз ин фикри Бозор воқиф шуда, Ёдгорро соле бист танга ба хизмат гирифтанӣ шуд (С. Айнӣ, Дохунда). Гурӯҳе аз аҳолии марду зани Сандара аз дур саворони ношиносро дида, ба майдончаи пеши деҳа баромаданд (С. Улуғзода, Навобод). Яке аз онҳо ҳамон ҷавони шинельпӯш буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
д) Шумораҳои тахминӣ бо исмҳо (дар шакли ибора) ба вазифаи мубтадо меоянд: Ду-се нафар моҳигирон ба об тӯр андохта истода буданд (А. Деҳотӣ, Ҳикояҳо ва шеърҳо). 10-12 нафар мардон хобидаанд (С. Айнӣ, Ғуломон).
е) Ибораҳое, ки аз зарфи миқдорӣ ва исм ташкил ёфтаанд,
дар ҷумла ба вазифаи мубтадо меоянд: Чанд нафар муллобачагон хеста ба ӯ ҳамроҳӣ карданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Чанд кас ҳар хел талаб ва орзуҳои худро гуфтанд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Чанд дақиқа аз муддат гузашт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Дар меҳмонхонаи бомаш пасти ин ҳавлӣ чанд нафар касони аз ҳар ҷо ҷамъомада нишаста, оҳиста-оҳиста сӯҳбат мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
- Мубтадоҳои ҷида. Дар ҷумла ду ва ё зиёда мубтадоҳо бо як хабар омада бошанд, мубтадоҳои ҷида ба шумори мераванд.
Чунончи: Рӯ ва чашмони Ҳоҷиумар сурх гашта буданд (С. Улуғзода, Навобод). Саркардагон, шоҳбачагон, амалдорон ва элнавкорон дар Қӯрғони Бойсун ба сари дастархон ҷамъ шуда, ба ошхӯрӣ машгуланд (С. Айнӣ, Ғуломон). Гӯсфандон, бузон, баррагон ба хобгоҳи худ даромада, осуда хобида буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ғуломон, ятимон, батракон ва безаминони пештара, ки аз канори Чилвон замин гирифта, дар ин ҷо киштукор карда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
ҶОИ МУБТАДО ДАР ҶУМЛА
- Мубтадо дар забони адабии ҳозираи тоҷик асосан дар аввали ҷумла меояд: Корвонбошӣ дар зери шипанг сар хам карда, хомӯш менишаст (С. Айнӣ, Ғуломон). Кампир дар сари Зебӣ бедор нишаста, ба Нуралӣ интизорӣ мекашид (С. Улуғзода, Навобод). Нормурод аз рост истодан ба ҷон омада, ба ҷояш нишаста, бо Содиқ пичиррос зада истода буд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё