Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Абуалӣ хомӯш истода гӯш мекунад (С. Улуғзода, Ибни Сино). Акаам ба ин савол ҷавоб ёфта натавониста суп-сурх шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Муқим ҳайрон-ҳайрон нигоҳ мекард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

II. Мубтадо дар ҷои дуюм ва ё сеюм низ омада метавонад: Дар ошхона Ризвон ош мекашид (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ҳамин вақт Шодигул даромада омад (С. Улуғзода, Навобод). Аз пушти девор овози гиряолуди модарон баланд шуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дере нагузашта ман сахт касал шуда мондам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

III. Дар назм ва нутқи гуфтугӯӣ мубтадо баъзан баъд аз хабар меояд:

Фарёд бардошт
Он шери ғуррон:
— Ин хонаи кист?

(М. Миршакар, Шеърҳо)

Кӯфт ногоҳ касе дари моро,
Аз паси он майор шуд пайдо.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

ХАБАР

Хабар амал, аломат ва ҳолати мубтадоро мефаҳмонад. Бинобар ин вай аз ҷиҳати маъно ва шакл ба мубтадо вобаста аст. Тобеии хабар ба мубтадо бо ёрии воситаҳои гуногун: шаклҳои калима, калимаҳои ёридиҳанда, тартиби калима ва интонация ифода меёбад. Хабар бо вуҷуди вобаста будан ба мубтадо дар ҷумла хизмати асосиро адо мекунад; ҳосияти хабарӣ, ки моҳияти асосии ҷумла ба шумори меравад, аз сиға ва замонҳои хабар ташкил меёбад. Маънои синтаксисии хабар дар алоқаи ногусастании он бо мубтадо таъин мешавад, зеро мубтадо предмет — соҳиби амалро фаҳмонад, хабар аломатеро ифода менамояд, ки вобастаи ин предмет — мубтадо аст.

Хабар аз ҷиҳати ифодаи маъно ба ду гурӯҳ: а) хабари феълӣ ва б) хабари номӣ тақсим мешавад.

Хабарҳои феълӣ. Хабари феълӣ амалеро мефаҳмонад, ки мубтадо содир мекунад. Маънои синтаксисии хабари феълӣ ва воситаҳое, ки барои ин хизмат мекунанд, як хел нест. Барои ҳамин ҳам хабарҳои феълӣ содда ва таркибӣ мешаванд.

  1. Хабарҳои феълии содда. Заминаи морфологии ифодаи чунин хабарҳо феълҳои содда мебошанд. Хабарҳои феълии сод-да ба воситаи шаклҳои сиғаҳои феълӣ ифода меёбанд.

а) Ба воситаи шаклҳои соддаи сиғаи хабарӣ:

пешина
аз 312
навбатӣ