Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Пои пиёда меравам,
Роҳ кушода меравам,
Даст надода меравам,
Дохунда қаҳрамон мешам.

(С. Айнӣ, Дохунда).

Вай пичирросзанон аз ҳамнишинаш мепурсад (С. Улуғзода, Навобод). Онҳо ба ҳавличаи даруни манзили Абӯалӣ медаро- янд (С. Улуғзода, Ибни Сино). Вай боз китоби дигареро ба даст мегирад (С. Улуғзода, Ибни Сино). Мо ба сайргоҳ раф- тем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

б) Ба воситаи шаклҳои соддаи сиғаи амрӣ: Ту минбаъд ба пеши Султонпошшо нарав... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). — Шимоён ба дӯконатон раветон (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Бубин, шуълаҳои алаз дар сангҳо бозӣ мекунанд (П. Толис, Ҳикояҳо).

в) Ба воситаи шаклҳои соддаи сиғаи эҳтимолӣ:

Корашон нашудагист ё ягон кори дигар баромадагист (С. Ай- нӣ, Марги судхӯр). Ҳозир баъд аз як-ду дақиқа неомадагист (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

г) Ба воситаи шаклҳои соддаи сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ:

Гар биравӣ ту ба тамошои боғ,
Мекунӣ аз бӯй муаттар димоғ.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Охир, хона равем, мӯйсафед хеле таъин карда буд (Ҷ. Ик- ромӣ, Шодӣ). Гӯед, ба рафиқ капитан ҳам хӯрок биёранд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

  1. Хабарҳои феълии таркибӣ. Хабарҳои феълии таркибӣ бо ду калимаи феълӣ ифода меёбанд. Ҷузъҳои ёридиҳандаи онҳо маънои ибтидоии худро қисман маҳфуз дошта, ба ҷузъи асосӣ тобишҳои иловагии маъноӣ зам мекунанд.

Хабарҳои феълии таркибӣ маъноҳои гуногунро ифода ме- кунанд. Муҳимтарини ин маъноҳоро ба тарзи зер тасвир кар- дан мумкин аст:

  1. Имкониятро мефаҳмонанд. Ҷузъи асосии чунин хабарҳо аз масдар (чӣ шакли пурра ва чӣ шакли нопурраи он), ҷузъи ёридиҳандаашон аз феъли модалии тавонистан иборат меша- вад: Ман ӯро шинохта натавонистам (С. Айнӣ, Куллиёт):

Дарёи азимем, ки бастан натавонӣ!
Аз сарҳади хуршед гузаштан натавонӣ!

(М. Раҳимӣ, Гузаштан натавонӣ)

  1. Хоҳиш ва ниятров ифода мекунанд. Ҳиссаи тобеи ин гуна хабарҳоро калимаи хостан, ҳиссаи асосиашонро масдар таш- кил мекунад: Як чизеро аз Максим Горький нақл кардан мехоҳам
пешина
аз 312
навбатӣ