Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

пайдо шудааст. Дар қисмати лексикология лексикография низ мавҷуд аст, ки дар он принсипҳои тартиб додани луғатҳои мухталифи ин ё он забон омӯхта мешавад.

Аҳамияти омӯхтани таркиби луғавии забон дар он аст, ки бо ин роҳ метавонем то як дараҷа мафҳуму чизҳо ба воситаи калима ифода шудагиро тасаввур кунем.

Боиси қайд аст, ки калимаҳо хусусияти ба худ хосе доранд. Лексикология ва семасиология худи чизҳо ва ҳодисаҳоро не, балки калимаҳоеро меомӯзанд, ки чизҳо ва ҳодисаҳо ба воситаи онҳо ишора карда мешаванд. Ин ҳолат моро водор мекунад, ки дар навбати аввал моҳияти калима, табиати онро муайян намоем.

МАФҲУМ ВА МАЪНО ДАР КАЛИМА

Барои дуруст фаҳмидани моҳияти калима ва вазифаи он дар нутқи инсон бояд ду чиз муайян карда шавад: якум, калима ҳамчун номгӯи чизе ва дуюм, муносибати калима нисбат ба категорияи нутқ.

Калимаҳои таркиби луғавии забон як хел нестанд. Онҳо аз ҷиҳати маъно ва роли худ дар нутқ ба ду гурӯҳи нобаробар тақсим мешаванд: калимаҳои мустақилмаъно, яъне калимаҳое, ки предмет ва ҳодисаҳои ҳақиқатро ифода мекунанд ва калимаҳои номустақил, яъне ёридиҳанда. Ба гурӯҳи якум метавонем калимаҳои ифодакунандаи номҳои ҳар гуна чизҳо ва предметҳо: масалан, хона, дарё, табар; амалу ҳолат: гаштан, хӯрдан, задан, хобидан, давидан; сифатҳо: сурх, зард, сахт, борик, мулоим; аломатҳои амал ва сифат: тез гаштан, сахт хобидан, бисёр хунукро дохил кунем. Ба гурӯҳи дуюм калимаҳое дохил мешаванд, ки вазифаи онҳо дар нутқ аз пайваст кардан ва барқарор намудани муносибати калимаҳо иборат мебошад. Масалан, пешояндҳо: дар, аз, ба, бо; пайвандакҳо: ва (-у), ҳам, чун, чунки ва ғайра.

Ҳар як калимаи мустақил аз ҷиҳати маъно абстракт ва ё конкрет мешавад.

Конкрет гуфта мо ҳамон калимаҳоеро дар назар дорем, ки дар предмет ҳамчун чизи том пиндошта мешавад. Калимаҳои абстракт калимаҳоеанд, ки дар онҳо фақат як ҷиҳат, сифат ё аломати предмет ифода карда мешавад. Масалан, калимаҳои одам, оҳангар, завод, дарахт, коғаз калимаҳое мебошанд, ки маънии конкретиро ифода мекунанд. Калимаҳои сармо, ахлоқ, қаҷӣ калимаҳои абстрактанд, чунки онҳо мафҳуми муҷаррадрод ифода мекунанд.

Калимаҳо аз рӯи маъно ва шакли худ ба ин ё он ҳиссаи нутқ тааллуқ доранд. Масалан, калимаҳое, ки предметро ифода мекунанд, гурӯҳи исмро ташкил медиҳанд.

Муҳимтарин хусусияти калима он аст, ки вай тасаввури

пешина
аз 457
навбатӣ