Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ЛЕКСИКА
СЕМАСИОЛОГИЯ
КАЛИМА ҲАМЧУН ВОҲИДИ ЛУҒАВИ
Нутқи мо аз калимаҳо иборат аст. Забон гуфта мо пеш аз ҳама калимаҳоро дар назар дорем, ки тавассути онҳо одамон мубодилаи афкор мекунанд. Аз қадим боз калима бо хусусиятҳои худ диққати аҳли ҷамъиятро, ва пеш аз ҳама олимонро, ба худ ҷалб менамояд. Ин тасодуфӣ нест, чунки калима дорои сифатҳои аҷибе мебошад. Масалан, калима метавонад инсонро ҳам хурсанд ва ҳам хафа кунад, вай қобил аст ӯро рӯҳбаланд созад, ё баръакс, рӯҳафтода ва маъюс гардонад. Ин гуна хусусияти калима баъзан мӯъҷизанок менамояд, вале дар ин ҷо ҳеҷ гуна мӯъҷиза нест: калима маҳсули муносибати дуру дарози одамон ва натиҷаи таҷрибаи ҷамъиятии онҳо мебошад.
Дуруст аст, ки илми забоншиносӣ баробари калимаҳо категорияҳои дигари нутқро низ меомӯзад, вале дар қатори онҳо калима чизи асосӣ ва аз ҳама муҳимтар ба назар мерасад.
Вақте ки калима мегӯянд, одамон, хоҳ аз грамматика ва фонетика хабар дошта бошанд, хоҳ не, пеш аз ҳама ба маънии он аҳамият медиҳанд, яъне мо аввал ба маънии калима ва баъд аз он ба таркиби овозӣ ва сохти грамматикии вай назар меандозем. Ба ин тариқ, калима объекти таҳлили се қисми забоншиносӣ шуда метавонад: лексикология, фонетика ва грамматика.
Фонетика ва грамматика дар бобҳои алоҳидаи ин китоб таҳлил мегарданд. Дар ин қисм лексикология ва вазифаи онро мухтасар баён мекунем.
Лексикология илмест, ки таркиби луғавии забон, яъне лексикаро меомӯзад. Термини лексикология аз ду калимаи юнонӣ таркиб ёфтааст: лексикос — луғат ва логос — таълимот.
Ба лексикология боз як соҳаи махсуси омӯзиши лексика дохил мешавад, ки онро семасиология меноманд. Термини семасиология аз калимаҳои юнонии семасион — ишора ва логос

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё