Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ҳар кас ҳамин аст» 1. Дар ин асос мо метавонем чунин хулоса барорем, ки калима муҳимтарин воситаи бо комплекси овозӣ муҷассам сохтани дониши умумиятёфтаи инсон доир ба ҳақиқат мебошад.

Ба назари аввал чунин менамояд, ки маънии ҳар калимаро метавон ба осонӣ муайян кард. Вале дар ҳақиқат ин кори басо душвор аст. Дар воқеъ калимаҳои зерин чӣ маънӣ доранд: бор, карам, сафар, дар, бар, тез, бод? Яке метавонад гӯяд, ки масалан, калимаи карам маънии навъе аз сабзавотро дорад, дигаре ҳақ дорад ин калимаро ҳамчун муродифи калимаи саховат фаҳмад. Ё монанди ин калимаҳои сафар, бор ва бод-ро мулоҳиза кунем.

Пас, чаро мо наметавонем аниқ гӯем, ки калимаи муайян дорои фалон маънӣ мебошаду бас? Инро барои он гуфта наметавонем, ки калимаҳои мазкур маъниҳои гуногун доранд, сермаъноанд ва маънии онҳо (яке аз маъноҳои онҳо, ки вайро маънии даркорӣ номидан мумкин аст) танҳо дар матн муайян мегардад. Масалан, калимаи сафар-ро гирем. Дар ҷумлаи «Сафари мо хуб гузашт» ин калима ба маънии сафар, гардиш кор фармуда шудааст. Аммо дар ҷумлаи «Ман ин сафар рафиқатонро надидам» калимаи мазкур маънии дафъа, бор-ро ифода мекунад. Пас роли матн дар дуруст фаҳмидани маънии калима басо муҳим ва ҳалкунанда мебошад.

Ба ин тариқ, мо калимаро ҳамчун воҳиди овозии нутқ мефаҳмем, ки вай комплекси воҳидҳои ягон ҳодисаи ҳастиро ифода намуда, аз ҷиҳати грамматика шакли муайян дорад ва аз тарафи коллективи одамоне, ки таърихан умумият доранд, як хел фаҳмида мешавад.

Калимаро ҳамчун комплекси овозии сермаъно аз ҷараёни умумии нутқ ҷудо кардан на чандон кори осон аст. Муҳимтарин омиле, ки имконият медиҳад калимаи маърумро аз силсилаи калимаҳои дигари нутқ ҷудо кунем, маънии калима мебошад.

Вобаста ба ин мумкин аст, саволе пайдо шавад: комплекси овозӣ бо чӣ роҳе дорои маънии муайян мегардад? Чаро вақте ки борон меборад мегӯянд, боридани боронро мефаҳманд, фарз кардем, на боридани барф, ё чизи дигарро? Ё дигар хел карда гӯем: комплекси овозӣ чӣ тавр бо чизе, ки ба воситаи он ифода меёбад, вобаста мегардад? Оё дар байни овозҳо ва чизҳо ягон алоқаи ботинӣ ҳаст ё не? Забоншиносӣ таъкид мекунад, ки ин гуна алоқа вуҷуд надорад. Ҳанӯз Карл Маркс гуфта буд, ки номи ягон чиз бо табиати он ҳеҷ алоқае надорад. Ӯ ба ин муносибат чунин гуфтааст: «Ман асло дар бораи шахсе, ки номаш Яков аст, ҳеҷ чиз на-

1 В. И. Ленин. Философские тетради. М., 1947, стр. 256, 258.

пешина
аз 457
навбатӣ