Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

медонам, агар фақат ҳаминро медониста бошам, ки номи ӯ Яков аст» 1.

Ин гуна мувофиқат дар байни комплекси овози ва предмет, ҳамчунин дар байни комплекси овози ва мафҳум дида намешавад, чунки комплекси овози ҳодисаи физиологӣ буда, мафҳум ҳодисаи мантиқӣ аст. Чунон ки дар боло гуфта шуд, як комплекси овози метавонад маъноҳои гуногунро ифода намояд, масалан: бори вазнин ва бори аввал.

СЕРМАЪНОИИ КАЛИМА

Дар системаи семантикии забон маъниҳо назар ба миқдори калимаҳо бисёранд, яъне, калимаҳо сермаъноанд. Оддитарин мисоли сермаъно будани калима худи калимаи забон мебошад, ки, аз як тараф, мо онро ҳамчун узви умдаи даҳон фаҳмем, аз тарафи дигар, ҳамчун қобилияти гап задан, ифода намудани фикр тасаввур мекунем ва ғайра. Ё худ калимаи себро гирем. Бо ин калима мо ҳам навъи дарахти мевадор ва худи меваи ин дарахтро ифода мекунем.

Кулли калимаҳои ин ё он забон сермаъноанд гуфта хулоса баровардан нодуруст аст, чунки калимаҳои маҳдудмаъно ё якмаъно ҳам вуҷуд доранд. Одатан ин гуна калимаҳо терминҳо ташкил медиҳанд ва як маъно доштани онҳо хусусияти муҳими онҳо ба шумор меравад. Терминҳо, ки маҷмӯи онҳоро терминология низ меноманд, барои соҳаҳои ҷудогонаи илму дониш ва касбу ҳунар хосанд, масалан: атом, электрон, мотор, киловатт, грамматика, мисраъ, суффикс. Агар термин сермаъно шавад, он гоҳ вай хислати асосии худро гум мекунад ва ба калимаи оддии сермаъно мубаддал мегардад. Фарқи дигаре, ки байни калимаи муқаррарӣ, яъне сермаъно ва термин дида мешавад, он аст, ки калима ҳиссиёти гуногунро ифода карда метавонад, вале термин ин гуна хусусият надорад. Чунончи, калимаи одамро дар ҷумлаи зерин мулоҳиза фармоед: «Эй, одам!» Бо ин ҷумла ҳар хел ҳиссиёт: аз таҳсину офарин сар карда то таассуфу сарзанишро ифода кардан мумкин аст. Агар мо ягон терминро дар ин гуна ҷумла кор фармуданиям шавем, ба ғайр аз ном бурдани худи термин дигар ҳеҷ чизро ифода карда наметавонем.

Сермаъноии калима дар натиҷаи ба мафҳуми маълум дарҷ кардани маънии муайяне ба вуҷуд меояд. Ин ҳодисаро васеъ гаштани маънӣ меноманд. Масалан, калимаи даромадро гирем. Маънии якум ва аслии ин калима мавқеи ба ягон ҷо дохил шудан мебошад: дари даромад. Рафта-рафта ин мафҳум васеътар гашта, маъниҳои дуҳул (дуҳулу хуруҷ), муқаддима ва сарсуханро низ ифода мекардагӣ шудааст.

1 К. Маркс. Капитал, т. I, кн. 1. Госполитиздат, 1955, стр. 107.

пешина
аз 457
навбатӣ