Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ба амал меоянд. Чунончи, аз суффикси -гар ва -й суффикси мураккаби -гарӣ ба амал омадааст.
Суффикси -гонӣ дар калимаи зиндагонӣ аз суффикси ҷамъбандии -гон ва суффикси калимасози -й ташаккул ёфтааст.
- Дар кадом ҳолатҳо бадалшавии овозҳои асосу суффикс ва ё ихтисоршавии яке аз овозҳои асос ва ё суффикс ба амал меояд. Масъалаи бадалшавии овозҳои асосу суффикс ба қонуни фонетикӣ ва ҷарангнокию беҷарангии овози паҳлу вобаста мебошад (Ниг. ба боби «Бадалшавии овозҳо»).
Суффиксилое, ки бо исмҳо меоянд, мувофиқи маъно ва вазифаашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: 1) суффиксиҳои калимасоз; 2) суффиксиҳои шаклсоз. Тафовути ин ду гурӯҳи суффиксҳо аз он иборат аст, ки суффиксиҳои калимасоз аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ исм месозанд. Исми сохта аз ҷиҳати ифодаи маъно аз асоси худ ба куллӣ фарқ мекунад. Чунончи, исми оҳангар шахс ва машғулияти онро мефаҳмонад, аммо исми оҳан предметро далолат мекунад. Суффиксиҳои шаклсоз калимаи нав намесозанд, онҳо танҳо бо як ҳиссаи нутқ меоянд, исмҳои бо ин суффиксҳо омада маънои луғавии худро тағйир намедиҳанд, балки ба калимаҳо танҳо тобишҳои маъноӣ бахшида метавонанд. Чунончи, духтар, духтарча, духтарак.
Суффиксиҳои исмсози забони тоҷикӣ хеле бисёр ва гуногунвазифа мебошанд. Ҳар як суффикс мавқеи махсуси истеъмолӣ дорад.
Таснифоти суффиксҳо аз рӯи он гузаронида мешавад, ки онҳо ба исми сохтаашон чӣ гуна маъно медиҳанд. Чунончи, онҳо исмҳои зерин месозанд:
-
исмҳои ифодакунандаи шахс;
-
исмҳои ифодакунандаи предметҳо;
-
исмҳои макон;
-
исмҳои абстракт.
- Суффиксҳое, ки исми шахс месозанд
Суффикси -чӣ
Суффикси -чӣ аз исмҳо исм месозад, ки онҳо:
а) шахсро аз рӯи касбу ҳунар ифода менамоянд: карнайчӣ, рубобчӣ, тракторчӣ, мусиқачӣ, шикорчӣ, изчӣ, амадчӣ ва ғ.;
б) шахсро аз рӯи ихтисос мефаҳмонанд: иқтисодчӣ, назариётчӣ, адабиётчӣ;
в) шахсро вобаста ба тарзи кор ва қобилияташ мефаҳмонанд: стахановчӣ, ташкилотчӣ ва ғ.;
г) шахсро аз рӯи хислату кирдор ва муносибату амалиёташ мефаҳмонанд: туҳматчӣ, воҳимачӣ ва ғ.;
д) ба таълимоте ва равияе пайрав будани шахсро нишон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё