Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
- Калимасозии ихтисораҳо (аббревиация).
Суффиксҳои исмсоз
Дар забони адабии тоҷик барои сохтани исм суффиксҳо ба таври фаровон истифода мешаванд.
Суффиксҳои исмсоз вобаста ба дараҷа, мавқеи истеъмолашон сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул мешаванд. Ба системаи морфологӣ танҳо суффиксҳои сермаҳсул тааллуқ доранд. Сермаҳсулии суффиксҳо махсусан дар калимасозии воҳидҳои нави забон равшан зоҳир мегардад. Суффиксҳои сермаҳсул на танҳо аз калимаҳои тоҷикӣ, балки аз калимаҳои советӣ-интернационалӣ ҳам исмҳои нав месозанд. Суффиксҳои бемаҳсул дар калимаҳое мушоҳида мешаванд, ки дар давраҳои гузашта бештар истеъмол мешуданд. Ба воситаи ин гуна суффиксҳо аз неологизмҳо исм сохта намешавад.
Вазифаи асосӣ ва муҳими ҳар як суффикс аз он иборат аст, ки вай ба калимаи сохтааш чӣ гуна маъно мебахшад. Суффиксҳо аз ҳамин нуқтаи назар тасниф карда мешаванд, аммо бояд қайд кард, ки бисёри суффиксҳои исмсози забони адабии тоҷик муштараквазифа мебошанд. Ҳангоми таъин намудани вазифаи вай сермаъной, гуногунвазифагӣ ва хусусияти абстрактии вай ба ҳисоб гирифта мешавад.
Характеристикаи морфологии суффиксҳо чунин масъалаҳоро ба миён мегузорад:
- Суффикс аз кадом ҳиссаҳои нутқ ва аз чӣ хел асосҳо исм сохта метавонад. Вақте ки суффиксҳо аз ин ҷиҳат аз назар гузаронида мешаванд, аз якдигар тафовут доштани онҳо боз ҳам равшантар мегардад. Баъзе суффиксҳо танҳо аз исм исми нав месозанд, дигаре — аз сифат ва сеюмӣ — аз шумора ё феъл.
Суффиксҳо ҳастанд, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ исм месозанд, вале ин ба маънои исми сохта таъсир нарасонида наметавонад. Агар суффикс аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ танҳо як хел исм (чунончи, исми шахс) созад ҳам, онҳо бо тобишҳои маъноишон бояд аз ҳам тафовут дошта бошанд. Чунончи, суффикси -чӣ аз исми трактор исми шахс — тракторчӣ месозад, ки ин касбу шуғли ӯро далолат мекунад. Ҳамин суффикс аз сифати аъло низ исми шахс — аълочӣ месозад, ки дар ин ҷо на касбу кор, балки ба сифате молик будани шахсро мефаҳмонад.
Ба маънои исми сохта на танҳо аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сохта шудани он, балки аз калимаҳои гуногунмаънои як ҳиссаи нутқ сохта шудани исм ҳам таъсир расонда метавонад. Чунончи, суффикси -зор исм сохта шудааст: гулзор ва корзор, ки аз ҳам тафовути калон доранд, яке макону фаровонии асосашро, дигаре ҳарбу зарбро мефаҳмонад.
- Аз суффиксҳои содда чӣ гуна суффиксҳои мураккаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё