Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки он ҳолат ва ба таъсири амале мондани шахсро мефаҳмонад:
Ман худро сафед намекунам, баръакс, чунон ки мебинед, гунаҳгор медонам («Садои Шарқ»).
д) Бо суффикси -гор аз исм исми нав сохта мешавад, ки вай шахсро аз рӯи хислату кирдораш баён мекунад: ситамгор.

Суффикси -бон

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик ду хусусияти «бон»
мушоҳида мешавад: дар баъзе калимаҳо вай маънои луғавии худро барҳам дода, ба категорияи морфемаҳои калимасоз гузаштааст. Чунончи, ба категорияи калимасоз гузаштани -бон дар калимаҳои мизбон, нигаҳбон, бодбон ва соябон равшан зоҳир мегардад. Дар баъзе калимаҳои дигар -бон маънои луғавии худро то андозае суст карда, дар роҳандозии гузариш ба морфема мебошад. Хусусияти гузариши вайро ба инобат гирифта, дар қатори суффиксҳо ҷой додани вай муносиб дониста шуд.
а) Суффикси -бон аз исмҳо исми нав месозад: шахсро аз рӯи касбу кор ва машғулияташ ифода мекунад, ки он аз асоси калима муайян мегардад: боғбон, галабон, осиёбон, посбон, саройбон, дарбон ва ғайра.
б) Исмҳо бо суффикси -бон чигунагии шахс ва муносибати ӯро ба каси дигар мефаҳмонанд:
Ман мехоҳам акнун дар бораи кӣ будан ва чӣ будани пуштибони амир, ки ба воситаи ӯ ва баъзан бевосита пуштибони ҳамаи аркони давлатии амир аст, ду-се калима гап занам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
в) Бо суффикси -бон аз асоси замони гузаштаи феъл исм сохта мешавад, ки шахсро аз рӯи амал ифода мекунад:
Рав, Маҳкам дар ҷои Сафар дидбон шудааст (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).
г) Суффикси -бон бо исмҳо омада номи чиз низ месозад:
соябон, бодбон.

Суффикси -ор

Ин суффикс каммаҳсул аст. Вай аз асоси замони гузашта ва ҳозираи феъл исм месозад, ки шахсро аз рӯи касбу кор мефаҳмонанд: харидор, парастор ва ғайра.
Дар ҳақиқат ясли ва оила як хонаи социалистӣ буд, ки мураббиягон ва парасторон дар он ҷо роли модариро бозӣ мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ин миён ба вазифаи мардикор ба сифати харидор Махдуми ҳазорагӣ пайдо шуд...
(С. Айнӣ, Куллиёт).

пешина
аз 457
навбатӣ