Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Исмҳои маънии гуфтор, сӯхтор, куштор низ аз асоси замони гузаштаи феъл бо суффикси -ор сохта шудаанд.

Суффикси -во (-вой)

Ин суффикс бемаҳсул аст. Ба воситаи ин суффикс аз исм исми наве сохта мешавад, ки шахсро мувофиқи касбу ҳунараш номбар мекунад:
... ба ягон самоворчӣ, нонвой ё ошпаз об кашонда медодам... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Суффикси -андар

Суффикси -андар бо исмҳои ифодакунандаи шахс омада, исми нав месозад, ки он бо шахси дар асоси калима номбаршуда дар кадом муносибат буданро мефаҳмонад: модарандар, падарандар.

Суффикси -ур

Ин суффикси бемаҳсул бо исм омада, шахсро аз рӯи ҳолату вазъият мефаҳмонад: муздур, ранҷур.

Суффикси -вар

Ин суффикс бо исмҳо омада, касбу вазъият ва ба чизе молик будани шахсро мефаҳмонад: сарвар, шиновар.

  1. Бо суффиксио сохтани исмҳое, ки предметро мефаҳмонанд

Суффикси -а

Суффикси -а дар ин вазифа сермаҳсул мебошад. Вай аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ исми ифодакунандаи предмет месозад.

  1. Аз исмҳо: а) исми нав месозад, ки он ба предмети дар асос номбаршуда зоҳиран ва ё мазмунан монанд буданро ифода мекунад: гӯша, дандона, дара, даҳана, димога, забона, шоҳа, ҳавза ва ғайра.
    ...даҳанаи ҷӯйчая боғчаро кушод, календи худро дар об шуст, ба қатори ёрон нишаст (С. Айнӣ, Куллиёт). Юртҳо дар
пешина
аз 457
навбатӣ