Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

исми абстрактро таъкид менамояд. Ин тарзи калимасозии исмҳои мураккаб бо у каммаҳсул буда, хоси забони зинда мебошад:

Дар вақти мулоқоту пурсупос ба чеҳра ва чашмони ӯ диққат кардам (С. Айнӣ, Куллиёт). Пошшохон, шумо ин кашуфархашро як тараф монеду ба гап гӯш андозед (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).

е) Аз ду исм. Ба воситаи садоноки пайвасткунандаи у исмҳо низ ба ҳам васл шуда, исми абстракт ва конкрет месозанд. Исмҳои абстракт ҳолату вазъият ва машғулиятро ифода менамоянду исмҳои конкрет предметро далолат мекунанд: сарупо, сарулибос, сарутан, тирукамон, обуранг, рангубор, хайрухуш ва ғайра:

Ман ротифаашро зиёд мекунам, дар ҳар иду айём сарупо медиҳам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Пӯлод сарулибоси аз замони хизмати ҳарбӣ мондаашро пӯшида, аспсавор ба қишлоқи Работ равона шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). ...монанди тирукамони ҳавой (қавси қузах) забонаи оташ гуногунранг метофт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳамаи ин асарҳо аз ҷиҳати мавзӯъ, маҳорат ва забону обуранг дигар-дигаранд («Маориф ва маданият»). Ҳасан имсол дар мавсимҳои кори баҳорӣ ва тобистонӣ гоҳҳо ба танҳоӣ ба боғ рафта, баъзе киштукорҳоро карда, об дода, ё ки суфаҳои мевахушкуниро андовида омада бошад ҳам, кори мевағундориро ба танҳоӣ адо карда наметавонист (С. Айнӣ, Ғуломон). Имшаб омадани ман ҳам аз ҳамин ваҷҳ — бо шумо хайрухуш карда рафтани ҳастам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

ж) Аз исм ва асосҳои феълӣ. Аз исм ва асосҳои замони ҳозираву гузаштаи феъл исмҳои абстракт сохта мешавад, ки онҳо амалиёт ва ҳолатро номбар мекунанд. Дар ин мавқеъ исмҳое истеъмол меёбанд, ки худ мафҳуми ҳаракат, амал ва ҳолат (мисли нигоҳ, сайр, хоб) дошта, бо асоси феълӣ васлшавандаашон аз ҷиҳати маъно наздиканд: сайругашт, нигоҳубин, ғунучин ва ғайра.

  1. Исмҳои мураккаби пайваст, ки ба воситаи садоноки пайвасткунандаи о таркиб ёфтаанд.

Ин гурӯҳи исмҳои мураккаб аз ҳиссаҳои зерини нутқ ба амал меоянд:

а) Аз асосҳои замони ҳозираи феъл. Асоси замони ҳозираи феъл бо садоноки о асосан дар шакли такрор меояд, ки он такрор ва бардавомии амалу ҳолатро далолат мекунад: даводав, кашокаш, кӯчокӯч, гурезогурез, ковоков, гирогир, нӯшонӯш ва ғайра:

Баъди ин ҳодиса ҳукуматдорони Бухоро безобита шуда, гирогиру ковоков накарданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Баъд аз ба поён расидани хӯрокӯр ва нӯшонӯш ноиб ба меҳмони нави европоилибос «акнун корро сар кардан даркор аст!» — гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт). ...аз шустушӯ ва моломоли

пешина
аз 457
навбатӣ