Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

номбар мекунад: пурсуков, равуой, афтухез, давутоз, доругир, шинухез ва ғайра:

...номи ӯро аз сарбоз шунида ба пурсуков даромадам (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҷомаи банорас ба кифт Ҳоҷӣ Нуриддин беором дар назди дарвозаи худ равуо дошт («Садои Шарқ»). Хайр, хафа нашав, ин гирудор дер давом намекунад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ҳама дар банди доругири туанд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). ...дигарбора давутози Ҷунбул-махдум дар кӯчаҳои шаҳр сар шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Инҳо имшаб монанди бойбачаҳои пештара шинухез мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

б) Аз асоси замони гузаштаи феъл. Аз асоси замони гузаштаи феъл исми абстракт сохта мешавад, ки кору ҳаракат, амалу ҳолат ва муомилаву мусоҳибаро мефаҳмонад: шикастурехт, рафтуомад, гуфтушунид, додугирифт, задухӯрд, харидуфурӯхт ва ғайра:

Онҳо коргар меғундоштанд, шикастурехти заводро буд мекарданд... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар вақтҳои дилгир шуданашон аз корҳои харидуфурӯхт ва айшу нӯши хонагӣ шаберо ин ҷо бе ташвиши зану фарзанд бо дӯстони хосашон гузаронида айшу мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар муддати ин сол ҳар иду сайре, ки меомад, дар бурдувард ба хонаи арӯс аз ман баробари он харҷе, ки падарам ба хонадории ман сарф карда буд, пул харҷ мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳиндуҳо додугирифти худро ба дафтаре наменавиштанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Оё дақиқае ба гуфтушунид бо шумо сарфароз шуда метавонам ё не? (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

в) Исми бандубаст аз асоси замони ҳозира ва гузаштаи феъл сохта шудааст.

г) Аз асоси замони гузашта ва ҳозираи феъл низ исми абстракт сохта мешавад, ки амалу ҳолатро мефаҳмонад. Ин гуна исмҳо аз як феъл ва ё аз феълҳои гуногун таркиб ёфтанашон мумкин аст: кофтуков, кӯфтукӯб, пухтупаз, гаштугузор, гуфтугӯ, рӯфтурӯб, сӯхтусӯз, тохтутоз, шустушӯй, шиштухез, харидуфурӯш, гуфтугузор, рафтуой, частухез ва ғайра:

Аз рӯи қавли Ҳомидбек, Аҳмад-махдум ҳар рӯз саҳар аз хоб хеста, баъд аз шустушӯй ба мутолиа ва ё китобат машғул мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Худи ҳамон рӯз мо бо фармоиши Муллозайниддин ҳуҷраро рӯфтучин кардем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Сарбози мӯйсафед бо қаровулони дарвозаи арк гуфтугӯ карду ҳамроҳи Фирӯза берун баромад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Онҳо ҳама монанди занҳои рус кушодарӯй буданд ва бо мардон бемалол шиштухез мекарданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

д) Ҷузъи якуми калимаи мураккаб асоси замони ҳозираи феъл буда, ҷузъи дуюми он маънои луғавӣ надорад, вай бо тақлиди тарзи талаффуз ба амал омада, барои ҳамчун исм сурат гирифтани калима ёрӣ мерасонад ва бардавомии амали

пешина
аз 457
навбатӣ