Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар баъзеи ин гуна исмҳои мураккаб хусусияти тобеии ҷузъҳо равшан зоҳир намегардад. Ин ҳолат дар шакароб ва ширбиринҷ, мошоба, мошпиёба барин калимаҳо мушоҳида мешавад: ...ширбиринҷ арзон меафтад... (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Исмҳои мураккабе, ки номи ҳайвонот, паррандагон ва ҷонваронро мефаҳмонанд. Ҷузъи ин гурӯҳи исмҳои мураккаб ба ҳам асосан дар муносибати муайянкунандагӣ мебошанд: шутурмург, гунҷишкбадача, хорпушт, сангпушт ва ғайра.

Зудтар хез, боғ меравем, ман ба ту гунҷишкбача даст гирифта медиҳам (С. Айнӣ, Ғуломон). Қорӣ Исмат монанди хорпушти шаттаӯрда, ки сару пояшро ба дарун некашад, кулӯлаю лӯнда шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Исмҳои мураккабе, ки маконро ифода мекунанд. Маконро ифода намудани исмҳои мураккаб ҳам мисли исмҳои мураккаби зикршуда ба ҷузъи дуюм вобаста аст. Агар вай маконро ифода намояд, исми мураккаб маконро мефаҳмонад. Чунончи, исми мураккаби кӯшишхона маконро маҳз ба туфайли ҷузъи асосӣ — калимаи хона ифода менамояд. Вале ин фикрро нисбат ба калимаи хонадомод, ки як ҷузъи он низ хона мебошад, гуфтан мумкин нест, чунки дар ин калимаи мураккаб хона ҷузъи асосӣ набуда, ҷузъи тобеъ мебошад ва исми мураккаб вобаста ба ҷузъи асосӣ — домод шахсро далолат мекунад.

Исмҳои зерин ба ҳамин гурӯҳи исмҳои макон мансубанд: расадхона, мӯрчахона, саисхона, таваллудхона, табобатхона, шарбатхона, шифохона, боҷхона, обанбор ва ғайра. Ҷузъи асосӣ ва серистӯмолтарини исмҳои мураккаби тобеъ, ки маконро ифода мекунад, калимаи хона мебошад. Ҳамаи калимаҳои мураккаби ифодакунандаи макон, ки ҷузъи дуюм ва асосиашон хона мебошанд, як хел нестанд, онҳо вобаста ба ҷузъи тобеашон маъниҳои гуногунро ифода мекунанд.

а) Ҷузъи тобеъ шахсро далолат кунад, исми мураккаб ҷои машғулият ва касбу корро ифода менамояд: устохона, оҳангархона, нонвойхона.

Дар раисхона, ноибхона, миршабхона, докторхона, бобохона барин исмҳои мураккаб идора, муассиса ва раёсаттоҳу ҷои амалиёти исмҳои тобеъ ифода гардидааст. Исмҳои мураккаби беморхона, меҳмонхона, саисхона, бандихона ва амсоли инҳо маконеро ифода мекунанд, ки махсуси исмҳои ҷузъи тобеъ мебошанд, яъне хусусияти таъинотӣ доранд.

б) Ҷузъи тобеи калимаи хона шуда омадани исмҳое низ мумкин аст, ки ҳайвонот ва паррандагон, ҳашарот ва хазандагонро мефаҳмонанд. Дар чунин мавридҳо исми мураккаб ҳамчун иқоматгоҳи ҷузъи тобеъ воқеъ мегардад: молхона, аспхона, гӯсфандхона, говхона, кабӯтархона, кирмакхона, занбӯрхона ва ғайра.

в) Бештарини исмҳои мураккабе, ки ҷузъи тобеашон предметро мефаҳмонад, ҷои чизнигоҳдорӣ, маҳфузгоҳ ва анборро

пешина
аз 457
навбатӣ