Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мефаҳмонанд: ҳезумхона, ангиштхона, порухона ва амсоли инҳо.1

г) Ҷузъи тобеи калимаи мураккаб аз номи хӯрок ва нӯшокӣ низ иборат шуда метавонад, чунончи: ошхона, чойхона, майхона, нашъахона ва ғайра. Ин гуна исмҳои мураккаб маконеро мефаҳмонанд, ки дар он ҷо хӯрданиву нӯшиданӣ, алалхусус предметҳои дар ҷузъи тобеъ номбаршуда фурӯхта ва ё истеъмол карда мешаванд.

д) Ҷузъи тобеи исмҳои мураккаб аз исмҳои абстракт низ ташкил меёбад. Вобаста ба маънои луғавии калимаи тобеи исми мураккаб ҳамчун макони амалу ҳаракат ва ҳолату вазъият воқеъ мегардад:

Он вақт депои Когон корхонаи нав буд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). ...вай маҷбур буд, ки баъд аз дарс ба чопхонаи Дамиров ва Слияновҳо рафта то нисфи шаб ҳӯруфчинӣ кунад (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Бинобар ин ҳуҷраҳои ин мадраса монандӣ катаки мурғон тангу торик ва масҷиду дарсхонааш борику дароз буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ғӯслхонаи саройро рӯфта дар он ҷо зарфҳои об гузоштанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Танҳо дар беруни шаҳр ва дар ҷануби намозгоҳ иморати чӯбине сохта, кӯшишхонаҳои ҳайвонотро ба он бино бароварданд... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҳамин тавр, барои ифодаи макон дар исмҳои мураккаб калимаи хона басо серистеъмол буда, дар мавқеъҳои гуногун ва мухталиф истифода мешавад. Дар маконифодакунӣ калимаи хона аз маънои маъмули луғавиаш гоҳо дур меравад.
Чунончи, дар мисолҳои зерин на хона, балки мавқеи ҷойгиршавӣ, ҷои ишғолкардаи он калимаҳо хона ном гирифтааст:
гӯшхона, косахонаи сар, сархонаи чилим ва ғайра.

Дар баъзе калимаҳои мураккаб ин дуравандӣ ба ҷое мерасад, ки калимаи хона ҳамчун муродифи суффикси исми маконсоз зоҳир мегардад. Ин ҳолатро дар калимаҳое, ки барои ифодаи макон гоҳо калимаи хона ва гоҳо суффиксиҳои исми маконсоз қабул мекунанд, равшан дидан мумкин аст. Чунончи, дар боби «Суффиксиҳои исми маконсоз» бо калимаҳои лой ва коҳ омада, исми макон сохтани суффикси «-дон»-ро дида будем. Дар мисолҳои зерин ҳамин вазифаи «дон»-ро айнан калимаи хона иҷро карда истодааст:

Дар ҳар се моҳ-чор моҳ, ки ба деҳа меравам, як шаб бо вай дар коҳхонаи бой мехобам (С. Айнӣ, Ғуломон). ...сар то сари онро ба дарозии ҳаждаҳ метр ва паҳнии се метр лойхона карданд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Баъзе аз исмҳои мураккаб, ки маконро ифода мекунанд,

  1. Калимаҳои зинхона, кундахона, регхона, обхона ва амсоли инҳо, ки ҳоло аз истеъмол баромада, ба гурӯҳи калимаҳои архаистӣ дохил шудаанд, на ин ки ҷои нигаҳдории предметҳои тобеъ, балки маҳкамаю маҳбусхонаҳои замони амирро мефаҳмонанд.
пешина
аз 457
навбатӣ