Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ти пештара ё дӯсти пеш-ро ҳамроҳ кунем, хато хоҳад шуд.

Ба ин тариқ, мисолҳои боло ҳаминро нишон медиҳанд, ки айни як ҳодисаи воқеият аз нуқтаи назари гуногун маънидод карда мешавад. Яъне дар забон синонимҳои мутлақ, ба маънии томи ин калима, вуҷуд надоранд.

Синоним аз калимаи юнонӣ synonymos (ҳамном) гирифта шудааст. Дар забони тоҷикӣ синонимро муродиф ҳам мегӯянд.

Боиси қайд аст, ки мавзӯи синоним ягона мавзӯест, ки дар забоншиносии тоҷик мавриди тадқиқи махсус қарор дода шудааст.1

Дар боло қайд шуд, ки синонимҳои мутлақ вуҷуд надоранд, вале баъзан баробари термин омадани калимаи муқаррарии забони модарӣ мушоҳида мешавад: ток ва ҷараён, ҳарорат ва температура, процент ва фоиз, лингвистика ва забоншиносӣ ва амсоли инҳо.

Баъзан чунин менамояд, ки ду калимаи муродиф метавонанд ҷои якдигарро гиранд, вале агар дақиқтар мулоҳиза кунем, маълум мегардад, ки байни онҳо фарқе ҳаст. Масалан, калимаҳои чашм ва дида-ро гирем. Ин ду калима айни як чиз — органи биноиро мефаҳмонанд. Лекин ҳар яки он мавқеи махсуси истеъмол дорад. Калимаи дида-ро дар забони назм, дар фольклор, дар нутқи шифоҳӣ дар баробари калимаи чашм кор мефармоянд, вале дар соҳаи тиб, анатомия ва физиология фақат чашм-ро истеъмол мекунанд. Дар ин асос мо гуфта метавонем, ки бо мақсади услубӣ ба ҷои як калима кор фармудани муродифи он матлубтар менамояд.

Вазифаи синонимҳо дар забон аз чӣ иборат аст?

Синонимҳо яке аз воситаҳои муҳими бой гардидани таркиби луғавӣ мебошанд. Донистан ва дуруст кор фармудани синонимҳо нутқи гӯяндаро таъсирнок ва фасеҳтар мегардонад. Ин имконият медиҳад, ки нозуктарин тобишҳои фикр басо аниқ ифода карда шаванд, қатъи назар аз он ки синонимҳо калимаҳои мухталиф буда, айни як мафҳумро ифода мекунанд.

Манбаъҳои пайдоиши синонимҳо дар забон гуногунанд, вале ҳамаи онҳо як хусусияти умумӣ доранд: лексикаи забонро бештар, мукаммалтар, бойтар менамоянд. Шубҳае нест, ки проблемаи синонимҳо ба дараҷае бо масъалаи сермаъноии калима алоқа дорад. Манбаъҳои ба вуҷуд омадани синонимҳо асосан инҳоанд:

  1. Инкишоф ва бой шудани лексика ба воситаи калимасозӣ: зӯр, тавоно, қодир, муқтадир, қудратнок, пурзӯр, пуркудрат, боқувват, қавӣ. Ин манбаъ роҳи асосии пайдо шудани синонимҳо ба шумор меравад.

1 М. Муҳаммадиев. Синонимҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1962.

пешина
аз 457
навбатӣ