Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Бой гардидан ва инкишоф ёфтани лексика аз ҳисоби калимаҳои забони зинда ва нутқи даҳанакӣ. Масалан: иситма (ҳарорат, таб), исмар (панҷшоҳа), ҳаял (таъхир), ғазак (пилтакаш), олучабандак (олуболу, олуча).

  2. Бой гардидани лексикаи забони модарӣ аз ҳисоби калимаҳое, ки аз забонҳои дигар иқтибос карда мешаванд: лоиҳа — проект, муаллим — омӯзгор, сипоҳ — қӯшун, пеша — ихтисос, дил — қалб, масолеҳ — материал.

  3. Манбаи дигари пайдоиши синонимҳо эвфемизм мебошад. Эвфемизмро ба ҷои калимае кор мефармоянд, ки бо ин ё он сабаб ноҷоиз медонанд, ин гуна калимаҳои «номатлуб»-ро вульгаризм меноманд. Одатан дар ин маврид мулоҳизаҳои услубӣ аҳамият доранд, масалан, ба ҷои фалонӣ мурд, фалонӣ аз дунё чашм пӯшидааст мегӯянд. Ин аст, ки синоним на фақат ҳодисаи табиии инкишофи нутқ, балки дар айни ҳол омили услуби забон низ мебошад.

Хелҳои синоним бисёранд. Намоёнтарини онҳо аз инҳо иборатанд:

  1. Синонимҳое, ки айни як чизро бо тобишҳои гуногуни услубӣ нишон медиҳанд: даст — бозу, чашм — дида, рӯй — чеҳра.

  2. Синонимҳое, ки ҳангоми ба ҷои калимаи забони модарӣ кор фармудани калимаи аз забони дигар иқтибосшуда ба вуҷуд меоянд: ҷараён — процесс, дил — қалб, салом — дуруд, муҳандис — инженер, ҳисоб — арифметика, табиб — духтур.

  3. Синонимҳое, ки дар натиҷаи як калимаро бо калимаи дигари таъсирнок иваз кардан ба амал меоянд: нофорам — бад, манфур — разил, қабеҳ, хуб — хуш, форам — дилкаш.

  4. Синонимҳое, ки ҳангоми ибораро бо як калима баён намудан ва баръакс пайдо мешаванд: нигаристан — нигоҳ кардан, гурехтан — рӯ ба гурез ниҳодан, мурдан — вафот кардан — аз дунё гузаштан, ба дунё омадан — зоида шудан.

  5. Синонимҳое, ки дар натиҷаи кор фармудани эвфемизм ба вуҷуд меоянд: танбал — дангоса, ҳомиладор — дуҷон, девона — ҷиннӣ.

  6. Синонимҳое, ки ба сифати як калима ба ҷои ибораҳои рехта ва баръакс кор фармуда мешаванд: ҳатман — албатта, бе чуну чаро — албатта, мурғи посӯхта барин — ноором — нотинҷ.

АНТОНИМҲО ВА ВАЗИФАИ ОНҲО

Калимаи антоним аз ду калимаи юнонӣ: anti (зид) ва onyma (ном) таркиб ёфтааст. Антонимҳо калимаҳоеанд, ки ба ҳамдигар аз ҷиҳати маъно мутақобиланд. Дар китобҳои

пешина
аз 457
навбатӣ