Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

УНСУРҲОИ ЛЕКСИКАИ АСЛӢ ВА ЗАБОНҲОИ ДИГАР

Ҳар як забон дар процесси тараққиёти таърихии худ тадричан мукаммал мегардад. Процесси тағьиру такмили за-бон, ки бо амалиёти истеҳсолии одамон, бо тараққиёти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании ҷамъият алоқаи бевосита дорад, асосан дар базаи таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ давом менамояд. Ин процесс инчунин ба муносибатҳои байниҳамдигарии гурӯҳҳое, ки бо забонҳои мухталиф гуфтугӯ мекунанд, алоқаманд аст.

Дар натиҷаи тараққиёти таърихии ҷамъият, пайдо шудани предмет ва ҳодисаҳои нав мафҳумҳои мутобиқи онҳо пайдо шуда, бо номбаршавии онҳо калимаҳои нав низ ба вуҷуд меоянд. Калимаҳои нав асосан дар заминаи таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии худи забон пайдо мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо аз забонҳои дигар гирифта мешаванд. Ба ҳамин муносибат унсурҳои лексикаи (дар ҳолатҳои ҷудогона воҳидҳои грамматикии) як забон ба забони дигар гузашта, пайваста истеъмол мешаванд, ҳал ва ҳазм мегарданд ва бо мурури замон ба унсурҳои лексикии худӣ табдил меёбанд.

Халқи тоҷик аз қадимулайём бо халқҳои дигар дар муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, маданӣ, ҳарбӣ ва ғайра буд. Аз ин сабаб ба забони тоҷикӣ гузаштани калимаҳои забонҳои дигар дар ҳамаи давраҳо давом кардааст.

Аз забонҳои дигар гирифтани калимаҳо барои ҳар як забон роҳи табиӣ ва қонунӣ буда, барои боз ҳам такмил ёфтани он забон имкониятҳои зиёд фароҳам меоварад. Масалан, ба забони тоҷикӣ дар муддати асрҳо аз забонҳои дигар калимаҳои зиёде дохил шудаанд. Қисми зиёди калимаҳои иқтибосшуда бо таъсири қонунҳои хоси забони тоҷикӣ то андозае тағьир ёфта, дар процесси истеъмол ба қатори калимаҳои худӣ дохил шудаанд. Як қатор калимаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки аз забонҳои дигар гирифта шудани онҳо ҳис карда намешавад. Калимаҳои мактаб, пиёла, байрақ дар қатори калимаҳои тоҷикӣ мисли калимаҳои дигар истеъмол

пешина
аз 457
навбатӣ