Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
кӯҳна ба ин маъни калимаҳои тазод ва мутазоди арабиро кор мефармуданд, вале ҳозир дар асарҳои забоншиносӣ бештар антоним маъмул аст.
Маънии мутақобил, яъне антоним, фақат дар калимаҳое ҳаст, ки мафҳумҳои сифатиро ифода мекунанд ё ки аломатҳои сифатӣ доранд.
Аз ин нуқтаи назар мо метавонем антонимҳоро ба намудҳои зерин ҷудо кунем:
а) Калимаҳое, ки мафҳуми ҳодисаҳои табииро ифода мекунанд: рӯшноӣ — торикӣ, гарм — хунук, гармӣ — хунукӣ, хушк — тар, мешукуфад — пажмурда мешавад, хомӯш — пургавғо.
б) Калимаҳо ва мафҳумҳое, ки ҳолат ва фаъолияти инсонро ифода мекунанд: ҷавонӣ — пирӣ, сиҳат — бемор, зинда — мурда, пурзӯр — суст, заиф, хушбахтӣ — бадбахтӣ, ҷавон — пир, фаъолӣ — танбалӣ.
в) Калимаҳое, ки мафҳумҳои замониро ифода мекунанд: рӯз — шаб, зимистон — тобистон, пагоҳӣ — бегоҳӣ, барвақт — бевақт, пеш — баъд, рӯзона — шабона.
г) Калимаҳое, ки мафҳумҳои гуногунро ифода мекунанд: дур — наздик, васеъ — танг, ғафс — борик, шимол — ҷануб, шарқ — ғарб, боло — поён, ин ҷо — он ҷо, пеш — ақиб, қафо.
д) Калимаҳое, ки сифат ва хислатҳои гуногуни предметро ифода мекунанд: калон — хурд, сафед — сиёҳ, бад — нағз, хуб, талх — ширин, рост — дурӯғ, арзон — қимат, хушёр — маст, сер — гурусна, далер — тарсончак, буздил.
е) Калимаҳое, ки ба мафҳумҳои ҳиссиёт, кайфият ва зоҳир гардидани онҳо марбутанд: дӯстӣ — адоват, душманӣ, муҳаббат — нафрат, эҳтиром — танаффур, зиндадилӣ — маъюсӣ, хурсандӣ — ғамгинӣ, бадӣ — некӣ.
Ҷолиби диққат аст, ки айни як калима дар соҳаҳои гуногуни истеъмоли он метавонад антонимҳои мухталиф дошта бошад. Масалан, одатан антоними калимаи сафед калимаи сиёҳ мебошад (қоғази сафед, ранги сиёҳ), вале дар соҳаҳои сиёсӣ муқобили калимаи сафед калимаи сурх кор фармуда мешавад (гвардияи сафед — гвардияи сурх, сафедҳо — сурхҳо). Калимаҳои сурх ва кабудро, ки одатан нисбат ба ҳамдигар антоним намебошанд, дар бозиҳои ҳарбӣ, ки дар он тарафҳои худӣ иштирок мекунанд, ба сифати антоним кор мефармоянд (қӯшуни сурх — қӯшуни кабуд, сурхҳо — кабудҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё