Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Асосҳои феъл дар калимасозӣ ҳам иштироки фаъол доранд. Чунончи, асоси замони гузашта дар ҷумла исм шуда меояд: Меҳнати колхоз нағз ташкил карда шавад, даромад ҳам меафзояд. Рафти кор хуб аст.
Аз асоси замони ҳозира ба воситаи баъзе суффиксҳо шаклҳо ва калимаҳои гуногун сохта мешаванд, масалан: хониш, пӯшок, тавоно, равона, пазанда ва ғ.
Аз ҳар ду асоси феълӣ бо ёрии садонокҳои пайвасткунандаи (инфиқсҳо) -у- ва -о- ва гоҳо бевосита калимаҳои мураккаб сохта мешаванд, масалан: равуо, додугирифт, шустушӯ, тозотоз, даводав ва м. ин.
ТАСРИФИ ФЕЪЛҲО
Аз рӯи шахсу шумора тағйир ёфтани асосҳо ва шаклҳои замонии феълҳо тасриф номида мешавад. Тасрифи феълҳо бо ёрии бандакҳои феълӣ ва хабарӣ ё флексияи феълӣ воқеъ мегардад.
Шахсҳои феъл. Феъл се шахс дорад. Шахси якум — гӯянда (ман, мо, моён), шахси дуюм — шунаванда (ту, шумо, шумоён) ва шахси сеюм — ғоиб (вай, ӯ, онҳо) ном дорад. Шахси ғоиб шахс, предмет ё ҳодисаеро мефаҳмонад, ки дар бораи он сухан меравад.
Шумора дар феъл. Феълҳо ду шумора доранд: шумораи танҳо ва шумораи ҷамъ. Воситаҳои ифодаи шахсу шумораи феълҳо бандакҳои феълӣ ва хабарӣ мебошанд.
Феълҳое, ки аз асоси замони ҳозира сохта мешаванд, бо бандакҳои феълии зерин тасриф меёбанд:
Шахсҳо
танҳо
ҷамъ
шахси 1-ум
-ам (-ям)
-ем
шахси 2-юм
-й
-ед, -етон
шахси 3-юм
-ад (-яд)
-анд (-янд)
Тасрифи феъли рафтан дар шакли аорист:
Танҳо
Ҷамъ
-
ман равам
мо (моён) равем -
ту равӣ
шумо равед -
вай (ӯ) равад
шумоён раветон (ед)
онҳо раванд
Тасрифи феъли хондан дар шакли замони ҳозира-оянда:
Танҳо
Ҷамъ
-
ман мехонам
мо (моён) мехонем -
ту мехонӣ
шумо (шумоён) мехонед (етон) -
ӯ (вай) мехонад
онҳо мехонанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё