Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои фарқи калимаҳои аслӣ аз иқтибосӣ сохти фонетикӣ ва семантикии онҳоро аз назар гузаронидан лозим аст. Масалан, калимаҳое, ки овозҳои «ъ», «х» (ҳалқӣ), «қ» ва ё ташдид доранд, ба ҷуз баъзе истисноҳо, калимаҳои аслии забони тоҷикӣ нестанд.

Барои дарки дурусти ин масъала ба материали лексикии ҳарфи «қ»-и «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (асрҳои X—XIX) назар кардан кифоя аст. Аз 860 калимаи ҳарфи «қ» 168 калима ба воситаи унсурҳои калимасози тоҷикӣ аз калимаҳои арабӣ ва туркӣ (узбекӣ) сохта шудаанд, танҳо мансубияти 38 калима муайян нашудааст. Дар байни ин калимаҳо вариантҳои фонетикӣ низ дида мешаванд, ки дар натиҷаи таъсири овозҳо ва бадалшавии онҳо ба вуҷуд омадаанд. Масалан: қаз (абрешим) дар асл каж (муқоиса кунед хаз-и арабӣ) буд ва шакли сохтаи он қазоганд (ҷомаи ҷангӣ, ки бо пахта ва ё абрешими хом пур карда шудааст) дар шакли кажоганд низ истеъмол мешуд. Пас барои муайян намудани мансубияти ин қабил калимаҳо тадқиқоти муфассале лозим аст.

Хусусияти сермаъной бештар ба калимаҳои аслӣ хос аст, калимаҳои иқтибосшуда дорои чунин хусусият нестанд. Барои ин ки калимаҳои иқтибосшуда хусусияти сермаъной пайдо кунанд, лозим аст, ки муддати зиёд дар замон истеъмол шаванд ва ҳазм гарданд. Хусусияти дигари калимаи аслӣ дар он аст, ки бештари онҳо маънои конкрет доранд. Қисми зиёди калимаҳои иқтибосӣ, масалан, бисёр калимаҳои арабӣ тоҷикишуда маънои абстракт доранд.

  1. Калимаҳои иқтибосшуда

а) Лексикаи арабӣ

Процесси ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил шудани калима ва ибораҳои арабӣ аз асрҳои VII—VIII, аз давраи Эрону Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо сар карда, то Революцияи Кабири Социалистии Октябрь давом намудааст.

Истилогарони араб дар мамлакатҳои забтнамудаи худ дини ислом ва забони арабиро зӯран бо ҳар роҳ ҷорӣ мекарданд. Корҳои давлатӣ ва маъмурӣ-идоравӣ ба забони арабӣ бурда мешуд. Синфи ҳукмрони маҳаллӣ бо истилогарон созиш карда, бар зидди анъанаҳои халқӣ ҳарчи бештар омӯхтан ва ба забони арабӣ сухан карданро афзал медонист. Рӯҳониёни ислом барои пурқувват намудани таъсири дин забони арабиро, ки акоид ва аҳкоми шариат ба он забон навишта шуда буд, бисёртар тарғиб мекарданд.

Вале ба забони тоҷикӣ дохил шудани унсурҳои лексикии арабӣ дар ҳамаи давраҳо характери якхела надошт. Дар асрҳои IX—X дар хоки Мовароуннаҳр ва Хуросон забони тоҷикӣ

пешина
аз 457
навбатӣ