Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
барои ин ки ҳамчун забони умумихалқӣ шакл гирад, бо дигар лаҳҷаву забонҳо, аз ҷумла бо забони арабӣ муқобилат мекард. Дар ин давра ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил шудани калима ва ибораҳои арабӣ ғайр аз кӯшиши синфҳои ҳукмрон ва рӯҳониёни ислом сабабҳои дигар низ доштанд.
«Дар давоми асрҳои VIII—X дар байни аҳли фазлу дониш ҳам омӯхтани забони арабӣ ва бо он асарҳои илмӣ, таърихӣ ва бадеӣ эҷод намудан ва китобат кардан расмият ёфта буд...
Равияи мазкур дар навбати худ ба процесси ба забони тоҷикӣ дохил шудани калима ва ибораҳои арабӣ таъсири муайян бахшид.
Сабаби дигаре, ки процесси ба забонамон дохил гардидани унсурҳои забони арабиро тезондааст, тарҷума мебошад.
Дар асри X, баъд аз ба забони тоҷикии дарӣ гузаштани тамоми корҳои давлатӣ ва маъмурӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ, маданӣ ва адабӣ як қатор асарҳои пеш аз ин ба забони арабӣ навишташудаи таърихӣ ва илмӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуданд» 1.
Ба ҳамин тариқ, дар асрҳои IX—X дар шароите, ки забони тоҷикӣ бо дигар забонҳо муқобилат карда, дар ин мубориза таркиби луғавии худро аз ҳисоби манбаъҳои аслӣ ва калимаҳои иқтибосӣ торафт такмил медод, ба забони тоҷикӣ дохил шудани калима ва ибораҳои арабӣ то як андоза аз рӯи зарурат ва эҳтиёҷ сурат меёфт ва ба роҳи қонунии аз ҳисоби иқтибос такмил ёфтани забони тоҷикӣ мувофиқат мекард.
Аз гурӯҳи калимаҳои арабии ба забони тоҷикӣ дохилшудаи ин давра калимаҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо дар истеъмоли забони тоҷикӣ тақрибан то ба замони мо расидаанд ва то кунун ба соҳибони забон то як андоза мафҳум ва маълуманд. Масалан:
айн, мадҳ, давлат, фазл, хилофат, халифа, шеър, навъ,
нақл, васл, ишқ, насиб, вуҷуд, даҳр, ло, қазо, тараб, аҳсан,
фунун, хасм, раъд, мунсиф, муълам, маъзун, кошиф, ратл,
анвар, муқайяд, ҷурм, лаим, карим, ҳақ ва ғайра 2.
Забардасттарин шоиру олимони он давра Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино (дар асарҳои тоҷикиаш) ва дигарҳо дар эҷодиёти худ калима ва ибораҳои арабиро дар ҳолатҳои ногузир ва ба қадри эътидол кор фармудаанд. Фирдавсӣ дар навиштани достони бузурги худ «Шоҳнома», ки аз ҷиҳати инъикоси захираи луғавии он замон асари намунавиест, бештар аз 900 калимаи арабиро ба кор бурдааст.
1 Н. Маъсумӣ. Дар бораи вазъият ва баъзе тағйиротҳо дар таркиби луғавии забони адабии тоҷик дар асрҳои X—XIX. Дар кит. «Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат», нашр. «Ирфон», Душанбе, 1966, саҳ. 238.
2 Ҳамон ҷо, саҳ. 129.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё