Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

адабии пешина, ба маънои замони ҳозира-оянда омада бошад ҳам, префикси би- қабул карда метавонад ва ин дар забони ҳозираи тоҷик фақат дар назм мушоҳида мешавад:

Боз рӯзи дигар ба дасти қавӣ
Чархи машинаро бигардонад.
(Пайрав Сулаймонӣ)

Дар забони адабиёти классикӣ префикси би- ба ҳамаи феълҳо ва шаклҳои феълии префикси на- ва ме- доштагӣ истеъмол мешуд. Аммо дар забони ҳозираи тоҷик қоидаи истеъмоли он андаке тағйир ёфта, ҳудуди истеъмолаш маҳдуд шудааст. Масалан, дар забони ҳозираи тоҷик феъле, ки бо префикси би- омадааст, префикси на- ва ме- қабул намекунад ва, баръакс, феъли бо на- ва ме- омада префикси би- намегирад. Префикси би- дар феълҳои омадан ва овардан шаклан ба таркиби асоси замони ҳозира даромадааст:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем (А. Деҳотӣ). Аҷаб нест, Олимҷони шумо ҳам ҳамин тавр даромада биёед (П. Толис). Аз вай шохи дарахт кулчаҳоро биёр (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Дар забони адабӣ, агар лозим ояд, аксарияти феълҳо префикси би- қабул карда метавонанд. Аммо дар баъзе феълҳо (монандӣ шудан, истодан) истеъмоли ин префикс хеле кам воқеъ мешавад ва табиати баъзе феълҳо (мисли доштан, будан) истеъмоли префикси би-ро намебардорад.

СУФФИКСҲОИ ШАКЛСОЗИ ФЕЪЛ

Суффиксҳои шаклсози феъл чунин унсурҳои грамматикӣ мебошанд, ки истеъмоли онҳо дар забони адабии пешина дар назму наср қоидаи маъмулӣ буд. Аммо дар забони адабии ҳозираи тоҷик истеъмоли ин суффиксҳо бағоят маҳдуд аст ва он танҳо хоси забони назм мебошад.

Суффикси -й (-е). Ин суффикс дар забони адабии пешина йои ҳикоят ном дошта, аз ҷиҳати грамматикӣ бо префикси ме- ҳамвазифа мебошад. Вай одатан ба шакли тасрифии замони гузашта (асоси замони гузашта) омада, давомнокию мулқаратии амал, гоҳо шартӣ будани амалро мефаҳмонад:

Дар дафотир навиштандӣ ва ҳикоят кардандӣ (А. Дониш, Наводир-ул-вақоеъ).

Гурбаи мискин агар пар доштӣ,
Тухми гунҷишк аз ҷаҳон бардоштӣ.
Ин ду шохи гов агар ҳар доштӣ,
Ҳеҷ касро пеши худ нағзоштӣ.
(Саъдӣ, Гулистон)

пешина
аз 457
навбатӣ