Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

вобаста аст. Аз ин ҷиҳат би- префикси оҳангбахш номида мешавад, ки будани он дар феъл ҳатмӣ нест.

Агар феъл бо ҳамсадои лабулабии б сар шуда бошад, префикси би- ба шакли бу- омада, бо он мувофиқат мекунад:

Онҳо вазифаи оинагиро ҳам адо наменамуданд, ки ман худро дар онҳо бубинам (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Ба маҷлис духтари колхоз биёмад,
Бубояд нутқи ширинаш шунидан.

(М. Раҳимӣ, Сабоҳи сухан)

Префикси би- дар забони адабиёти классикӣ (дар назму наср) ҳамчун қоидаи умумӣ серистеъмол буд ва бо бисёр шаклҳои замонӣ ва сиғавии феъл меомад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик нормаи истеъмоли ин префикс тағйир ёфта, дар назм бештар ва дар наср кам вомехӯрад. Дар баъзе услубҳои забони адабии ҳозира (масалан, услуби илмӣ, расмӣ, забони матбуот) бағоят камистеъмол мебошад.

Ба ин тариқ, префикси би- (бу-) дар забони ҳозираи тоҷик бо шаклҳои феълии зерин истеъмол меёбад:

Префикси би- бо шакли замони гузаштаи наздик (оддӣ) омада, гӯё якқаратӣ ё мутлақии амалро таъкид мекунад:

Мард ҷои хоби Ёдгорро муайян карда, худ ба пеши зан ва духтараш омада бихобид (С. Айнӣ, Дохунда).

Талотӯм ба фарқи наҳангон бикӯфт,
Муҳит ар биҷӯшид бо қаҳри том.
Революция дудаи ғам бирӯфт.
Чароғони барқӣ кушода ба шом.

(М. Раҳимӣ, Шарораи ҷовид)

Префикси би- бо феъли фармоиш омада, дар тарзи ифода андаке оҳанги нармӣ мебахшад: Писарам, пӯстакро ин ҷо андохта бихоб (С. Айнӣ, Дохунда).

Ба сӯи саодат бирав, эй бародар,
Ба роҳи саодат риёзат кашида.

(М. Раҳимӣ, Сабоҳи сухан)

Префикси би- бо шакли аористи феъл омада, дар гуфтор шаклу оҳанги адабӣ-китобӣ пайдо мекунонад:

Собир каланду ҷорӯбро гирифта хост, ки биравад (С. Айнӣ, Дохунда). Мардум бояд гуфтаҳои туро бишнаванд. — Ба хонаи духтараш биравад ва дастнигари домодаш бишавад? (Ҳ. Карим, Оқшуда). Давлат тохта ба истиқболи ӯ баромад, то бифаҳмад, ки чӣ хабар овардааст (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Шакли аористи феъл сермаънист. Вай, чун дар забони

пешина
аз 457
навбатӣ