Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

пуркунандаи бевосита чӣ?, чиро?, киро? ба феълҳои монда кор фармуда намешавад. Масалан, дар ҷумлаи «Салим аз ҷояш озод хест» муносибати амал бо аъзоҳои дигари ҷумла ба тарзи зер воқеъ мешавад: хест — кӣ? — Салим (мубтадо), аз куҷо? — аз ҷояш (ҳоли макон), чӣ тавр? — озод (ҳоли тарзи амал).

Муносибати ҳамаи феълҳои монда бо аъзоҳои синтаксисӣ низ ҳамин тавр мебошад:

Фирӯза ба ҳуҷраи таи айвони дарвозахона даромад, Мирак ба рӯи суфаи таи айвон нишаст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ришу мӯйлабаш ларзиданд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳа, дар Бухоро Ҳукумати Советӣ ғалаба кард, амир гурехт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Феълҳои таркибии номии монда бо феълҳои гуногуни ёридиҳанда сохта мешаванд, аз ҷумла онҳое, ки бо ёридиҳандаҳои ҳаммаънои шудан, гардидан ва гаштан сохта шудаанд, феълҳои монда мебошанд:

Ҳамин тавр, се-чор дарс мехонданду ҷавоб мешуданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Давлат ҳайрон мешуд, ки ин ҷавон чӣ қадар пурдон аст (Р. Ҷалил, Шӯроб). Роҳи Вахши бодпо гардид банд (М. Қаноат, Достони оташ).

Феълҳои гузаранда. Дар ҷумлаҳои зерин феълҳо бо аъзоҳои гуногуни ҷумла алоқаманд бошанд ҳам, муносибати мафъулии онҳо мавқеи асосӣ дорад ва он бо пуркунандаи бевосита вобаста мебошад:

Ман дар ин ҷо гӯсфанд мечаронам (С. Айнӣ, Дохунда). Ронанда мошинро ба каноре бароварда нигоҳ дошт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Давлат ӯро шинохт (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Муносибати мафъулии феълҳои гузаранда аз ин қабил аст: Мечаронам — кӣ? — ман (мубтадо), дар куҷо? — дар ин ҷо (ҳоли макон), чӣ? — гӯсфанд (пуркунандаи бевосита); нигоҳ дошт — кӣ? — ронанда (мубтадо), чиро? — мошинро (пуркунандаи бевосита), дар кадом вазъият? — ба каноре бароварда (ҳол); шинохт — кӣ? — Давлат (мубтадо), киро? — ӯро (пуркунандаи бевосита).

Ҳамин тариқа, феълҳое, ки бевосита ба объект гузаштани таъсири амал, яъне ғайри аз муносибати субъектӣ маҳз ба объект нигаронида шудани амалро мефаҳмонанд, феълҳои гузаранда ном доранд. Чунончи: омӯхтан, ғундоштан, поидан, овардан, дидан, донистан, кашидан, коридан; такрор кардан, пешвоз гирифтан, омода сохтан, муайян намудан ва м. ин.

Аксарияти феълҳои забони тоҷикӣ ба гурӯҳи феълҳои гузаранда дохил мешаванд. Феълҳои гузаранда ҳатман пуркунандаи бевосита талаб мекунанд, ки он бо исм ё ҷонишин ифода меёбад. Пуркунандаи бевосита ба шакли суратнаёфта ва ё бо пасоянди -ро суратёфта омада, ба саволҳои чӣ?, чиро?,

пешина
аз 457
навбатӣ