Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Бисёрии ин гуна калимаҳои арабӣ дар он замон то ба дараҷае дар забон ҳал шуда буданд, ки барои арабӣ будани онҳоро муайян кардан як таҳқиқоти лингвистии муфассале лозим шудааст.
Дар асрҳои минбаъда ин гуна тарзи иқтибоси калимаҳо ва ибораҳои арабиро, ки бо процесси табиии инкишофи забон ва бо муборизаи тоза нигоҳдории он то як андоза муносибат дорад, мушоҳида кардан мумкин нест.
Шароити баъди асри Х барои инкишофи забони тоҷикӣ, шароити таърихии нисбатан дигаре буд ва дар ин давра ба забони тоҷикӣ дохил шудани бисёр калима ва ибораҳои арабӣ низ то як андоза характери ба худ хосе дошт. Инкишофи муносибатҳои сохти феодалӣ ва баъд рӯ ба таназзул овардани он русуму қоидаҳои диниро дар байни халқ боз ҳам пурқувват намуда, ба ин восита таъсири забони диниро низ пурзӯр гардонида буд. Дар ин замон иқтибоси калима ва ибораҳои арабӣ ва забонҳои дигар бо роҳи қонунӣ ва табиӣ давом мекард, вале бо роҳи сунъӣ аз ҳад зиёд истеъмол шудани унсурҳои лексикаи арабӣ хеле авҷ гирифта буд. Олимон, таърихшиносон, шоирони дарбор ва ғайра, ки ба забони тоҷикӣ асарҳо иншо мекарданд, ҳадди эътидоли истеъмоли калимаву ибораҳои арабиро раҳнамуд карда, дар кор фармудани калимаву ибораҳои забони модарӣ ва забони хориҷӣ қариб тафовуте намедиданд. Аз паси муғлақбаёнӣ ва вазнинии услуб шуда забони асарҳои худро ба калимаву ибораҳои ғайр гӯё оро медоданд. Ин ё он калимаву ибораи арабӣ маъмули забони тоҷикӣ шудааст ва ба соҳибони ин забон фаҳмост ё не, диққати онҳоро ба худ намекашид.
Баъзе намояндагони илми адаб ба забони арабӣ ҳамчун забони расмии илмӣ-адабӣ ва динӣ муносибат мекарданд ва чунин мепиндоштанд, ки ҳар унсури луғавии арабии истеъмолкардаи онҳо дар доираи илмӣ ва адабии замон фаҳмо ва маълум аст. Дар ин замон танҳо манфиатҳои доираи худро ба назар гирифта, ба воситаи кор фармудани калима ва ибораҳои арабӣ гӯё ба асарҳои худ тобиши шукӯҳу дабдабанокӣ бахшидани аҳли илму адаб як навъ хусусияти расмӣ пайдо карда буд. Бе ҳеҷ зарурату эҳтиёҷи забон ва талаботи услубӣ истеъмоли миқдори фаровони калима ва ибораҳои арабӣ маҳз дар заминаи ҳамин гуна муносибати баъзе аз намояндагони илму адаб ба миён омада буд.
Табиист, ки дар чунин як шароит дар хусуси масъалаҳои умумият пайдо кардани воҳидҳои луғавии навистеъмоли забонҳои дигар ва инчунин дар бораи риояи нормаҳои забони адабии умумихалқӣ мулоҳиза кардан ва чизе гуфтан аз имконият берун буд.
Агар мо калимаву ибораҳои арабии истеъмолнамудаи шоирон, нависандагон ва олимони давраи советии тоҷикро бо истеъмоли арабизмҳои адабиёти давраи тоинқилобии точик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё