Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
кор фармуда мешавад: Зинда бод! Ҳар чӣ бодо бод! Муборак бод! Мужда бодо! Забони бадгӯён бурида бод! Нест бодо хасми инсонӣ — фашизм! (М. Раҳимӣ).
Инак, сиғаи шартию хоҳишмандӣ бо шакли аористи феъл (равам, кор кунам), шакли замони гузашта бо аористи будан (хонда бошам, маслиҳат карда бошам), шакли гузаштаи ҳикоягӣ (мешунидам ва бо аористи будан — мерафта бошам), шакли замони ҳозираи давомдор (хонда истода бошам, зиндагӣ карда истода бошам) ва шаклу таркибҳои дигари феълӣ ифода мешавад.
Замон ва тобишҳои маъноии феълҳои сиғаи шартию хоҳишмандӣ вобаста ба сохту робитаҳои синтаксисӣ ва оҳанги гуфтор низ равшан мегардад. Ҳамаи тобишҳои маъноии ин сиға, ки бештаринашон аҳамияти услубӣ доранд, ба ду маънии умумӣ ва асосӣ, яъне шарт ва майлу хоҳиш марбутанд. Дар забони ҳозираи тоҷик ду тарзи баёни маъноҳои сиғаи шартию хоҳишмандӣ маъмул аст:
- Тобишҳои маъноии сиға бо худи шаклҳои феълӣ алоқамандона бо сохти ҷумла, робитаҳои синтаксисӣ ва оҳанг ифода меёбанд. Калимаҳои махсуси ёридиҳанда кор фармуда намешаванд. Масалан:
- Тӯйро ба чор кас маъқул карда гузаронем (Р. Ҷалил, Шӯроб). Акнун роҳи шумо ҳам он қадар танг ва бадвоҳима нест, акнун ба боло нигоҳ кунед, осмони паҳновари кушодаро мебинед (С. Айнӣ, Дохунда). Бо вуҷуди он, олими ҷавон то ҳоло навозандаеро надидааст, ки як оҳанги оддиро бо изтироб ва ҳарорати дили худ ба ин дараҷа гарм ва рангин карда бошад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Имрӯз шумо намеомадед, пагоҳ худам ҷеғ заданӣ будам.— Дари бахти ту ҳам як кушода мешуд, ман ба муроду мақсадам мерасидам (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Дар нутқ фаҳмидан мехостам, ҷӯр кардан мехостам, пӯшидан мехоҳад барин таркибҳо худ ба худ маънои майлу хоҳишро ифода мекунанд. Аммо дар ҷумлаҳои мураккаб маҳз дорои чунин маъниҳо будани асрист бо феълҳои дар сарҷумла омадаи хостан, тавонистан ва ҳаммаънои онҳо таъкид меёбад. Чунончи:
Дар баҳор ҳар кас мехоҳад, ки озодонатар нафас кашад, аз хонаи тангу тор, аз байни чор девор барояд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Усто Оқил мехост, ки ҳунари худро ба писараш мерос гузорад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Аммо ҷаноби шумо, охир метавонед, ки инро ба тарзи дигар нависед, ба ман ҳамчун якс аз мухлисон худ назар кунед (Р. Ҷалил, Шӯроб).
- Тобишҳои маъноии шаклҳои сиғаи шартию хоҳишмандӣ, ғайр аз сохти ҷумла ва оҳанг, бо калимаҳои ёридиҳанда, пайвандак ва ҳиссачаҳо равшантар таъкид мешавад. Ҳар як унсури грамматикӣ ва ё калимаи ёридиҳанда бо тобиши махсуси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо