Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Замони гузаштаи наздик (гуфтам, сӯҳбат кардам, ба даст овардам, хондан гирифтам); гузаштаи дур (омада будам, кор карда будам, нависонда будам); гузаштаи давомдор (дошта истодам, гуфта истод); гузаштаи дури давомдор (омада истода будам, рафта истода буд); гузаштаи ҳикоягӣ (медидам, мебастам, гӯш меандохтам); гузаштаи давомдори ҳикоягӣ (рафта меистодам, омада меистод); гузаштаи нақлӣ (кандаам, кандаӣ, кандааст); гузаштаи нақлии дур (рафта будааст, зиндагӣ карда будааст); гузаштаи нақлии ҳикоягӣ (мебардоштааст, мефуровардааст). Чанд мисол:

Рӯзи истироҳат соатҳои нӯҳ аз хоб бархостам. — Саид Амон ба назди Мунавваршоҳ рафта истоданашро фаромӯш карда буд. — Мунавваршоҳ ба ин сӯ кема меронд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ба назари Ёдгор ин мулло синос барин менамояд, аммо ба ёдаш намерасад, ки ӯро дар куҷо ва кай дидааст (С. Айнӣ, Дохунда). Контролёр дарҳол фаҳмид, ки ин одам тариқи ба касса пулмониро ва аз он пулгириро дуруст намедонистааст (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Замони ҳозираи давомдор (рафта истодаам, хонда истодааст); ҳозираю оянда (мечинам, тасдиқ мешавад); ояндаи дур (хоҳам рафт, хоҳӣ дид):

Гулнор чанд гоҳ боз Ёдгорро дӯст медошт ва хаёл мекард, ки дар оянда бо ӯ як зиндагонии дӯстдорона барпо карда, умри худро бо саодат ва шодқомӣ хоҳад гузаронд (С. Айнӣ, Дохунда). Асад Махсум аз ҳад гузаронида истодааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дар рӯи дунё чӣ қадар паҳлавон, ки бошад, ҳамааш машқ мекунад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Сиғаи шартию хоҳишмандӣ

Феълҳои сиғаи шартию хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунанд, ки гӯянда воқеъ гардидани онро раво, имконпазир ва ё вобаста ба шарте медонад. Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартию хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти ҷузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Дар феълҳои таркибии сиғаи шартию хоҳишмандӣ феъли ёридиҳандаи будан ҳамеша ба шакли аорист меояд.

Ёдоварӣ: 1. Шакли аористи бошад (аз будан) дар ҷумла ба вазифаи пайвандаки хилофӣ низ кор фармуда мешавад: Баққол бошад, ба ин суханҳо гӯш намедод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Дар забони ҳозира аз феъли будан шакли кӯҳнаи хоҳишмандӣ — шахси сеюми танҳо бод ва бо садоноки о бодо боқӣ мондааст, ки дар шиорҳо, зарбулмасал, тадрик ва таҳқир
пешина
аз 457
навбатӣ