Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ояндаро далолат мекунанд. Ба ҳамин маъно феъли ёридиҳандаи ҳаст ва шакли ҳозираю ояндаи будан низ ба вазифаи бандаки хабарӣ омада тасриф меёбад: хонданӣ ҳастам, хонданӣ ҳастӣ, хонданӣ аст//хонданист; хонданӣ мебошам, хонданӣ мебошад.

Пӯлодбой, Шумо чӣ кор карданӣ? Пагоҳ бо солдатҳо ҷанг-панг ҳам карданӣ-мӣ? — Ба вай ҷойҳои тиллоро гуфтаниам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар ин кирдори ӯ чӣ сирре ҳаст? (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Чунин феълҳое, ки бо шакли ҳозираю ояндаи ёридиҳандаи шудан таркиб ёфтаанд, замони ҳозираю ояндаи сиғаи шартӣ-хоҳишмандиро мефаҳмонанд: хонданӣ мешававам, хонданӣ мешавӣ, хонданӣ мешавад ва ғ.

Имрӯз ту ҳукуматро фиреб доданӣ мешавӣ.— Мардак ба Рубин ҳуҷум карданӣ мешавад (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Замони гузаштаи чунин шаклҳои хоҳишмандӣ бо шакли замони гузаштаи наздики феълҳои ёридиҳандаи будан ва шудан таркиб меёбад, ки ин таркибҳо шаклҳои нақлӣ ва ҳикоягӣ низ доранд. Масалан: донистанӣ будам, гуфтанӣ будааст; диданӣ шудам, бӯсиданӣ шудаанд, баромаданӣ мешуд ва ғ.

  • Ҳа, писарам, ман донистанӣ будам, ки ба пункти даъват кай меравӣ? — Вай бо зану бачагонаш ба кадом гӯр кӯчида рафтанӣ будааст. — Онро ба ягон дугонаҳаш хононданӣ шуд, аммо изо кашид (Ҳ. Карим, Оқшуда). Қарзҳои майдаро ҳам ӯ доданӣ шуд (С. Айнӣ, Куллиёт ҷ. I). Дар майнааш ба ин далеле меҷуст ва бо як хоҳиши ба худаш номафҳуме Олим-ҷонро сафед карданӣ мешуд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Агар ин гуна таркибҳои феълӣ дар ҷумла паи ҳам, ба таври чида оянд, феълҳои ёридиҳандаи будан ва шудан ҳар дафъа такроран омада метавонанд ва мумкин аст, ки танҳо дар феъли охирин оянд. Чунончи:

Дар ҳамин асно, вақте ки Фузайл бо хуни Али-батракҳо ба худ роҳ кушоданӣ буд, дар ҳамин лаҳзае, ки чанголи ситам синаи Қаротегин — Ғармро тамоман пахш карданӣ буд, дар ҳамин фурсате, ки ӯрдуи разил гилемҳои сабзи айёми баҳорони кӯҳистонро бо хуни Назари панҷякумкор, Сафар-мардикорҳо сурхранг гардониданӣ буд, умедгоҳи охирин — чанд нафаре аз ҷонбозони дастаи худмудофиа дар пости чорум ҷон медоданду ҷон мегирифтанд. — Рост баргашта ба пеши ҳамон кассири бадҳазм рафтанӣ ва типу ғози онро бароварданӣ шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Дар таркиби ин хел шаклҳои сиғаи шартию хоҳишмандӣ, ғайр аз будан ва шудан, феълҳои дигар низ бо тобишҳои маъни омада метавонанд. Масалан:

Ҳангоме ки асри Одилов ҷавлонзанон рақси марги душманонро бозида, ба даруни ҳалқае, ки дар он пешҷангон уф нагуфта теғи шамшерро истисмор менамуданд, даромаданӣ

пешина
аз 457
навбатӣ