Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

шуда омад,... он ҳалқа мисли занҷир пора-пора гардид. — Маро ба Алии шилпуқ доданӣ шуда истодаанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Сиғаи амр

Сиғаи амр изҳори хоҳишу супориш, фармону таъкид ва водор кардан ба амалеро, ки нисбат ба шахси дуюм гуфта шудааст, мефаҳмонад.

Ҳарчанд ки аз рӯи маъно ва оҳанги сухан баъзан аорист ва дигар шаклҳои феълӣ ба сиғаи амр наздик мешаванд, дар забони тоҷикӣ шакли асосии сиғаи амр феъли фармоиш мебошад, ки бо майли замони оянда ба гурӯҳи феълҳои замони ҳозираю оянда дохил мешавад.

Феъли фармоиш фақат як шахс, яъне шахси дуюми танҳо ва ҷамъ дорад. Шахси дуюми танҳои он бо асоси феълии замони ҳозира баробар аст. Чунончи: рав, бин, биёр, дам гир. Шахси дуюми ҷамъ бо роҳи ба асос ҳамроҳ кардани бандаки феълии — ед, гоҳо — етон ифода меёбад, ки он бо аористи шахси дуюми ҷамъ баробар меояд. Масалан: равед — раветон, бинед — бинетон, биёред — биёретон, гиред — гиретон ва ғ.

Ту худдорӣ карда аз роҳҳои ниҳонӣ поёнтар фуро, агар дидӣ, ки ясавул духтаратро дастгир карда бурдани аст, бо ғелонидани санге ба мо хабар деҳ (С. Айнӣ, Дохунда). Ту рафта аз пода хабар гиру ба ин тараф ронда биёр (Р. Ҷалил, Шӯроб). Акнун камтар арзи моро шунавед (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). То дарвозаи Имом мардумро аз роҳ дур кунед, шамъҳоро кушед ва роҳро қатаған кунед, — гуфта фармон дод (С. Айнӣ, Дохунда). Иваницкий... дар вақти ба мардикорӣ гуселонидан... мегиристу «Далеру нотарс бошетон, писарам!» — мегуфт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Шакли тасрифии сиғаи амри феълҳои таркибии номӣ, таркибии масдарӣ ва таркибии ҳолӣ бо феълҳои ёридиҳандаи онҳо сурат мегирад. Масалан: роҳат кун — роҳат кунед — роҳат кунетон; дам гир — дам гиред — дам гиретон; тайёр шав — тайёр шавед — тайёр шаветон; омадан гир — омадан гиред — омадан гиретон; навишта мон — навишта монед — навишта монетон ва м. ин.

Шакли сиғаи амр ҳам, монандӣ аорист, чи дар назму чи дар наср префикси би- (бу-) қабул мекунад. Дар ин сурат маънои хоҳишу илтимос бо оҳанги нарму навозиш ифода меёбад. Масалан:

Ҳамшираи меҳрубон, биё, одамон, биёед, дар паҳлуи ӯ бишинед, вай нақл кунад, шумо бишнавед! (Ҳ. Карим, Оқшу-да). Ма, меҳмон, чой бинӯш. — Марҳамат, бишин. — Ана бирав, аз мӯсафеди садсола бипурс, бигӯ, оё шунидаед, ки ягон

пешина
аз 457
навбатӣ