Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
монед), гузоштан (бигузор//бигзор), хестан (хез, хезед) ҳамчун калимаи модалӣ омада, дар ҷумла ба шаклҳои аорист ва ҳозира-оянда тобиши ҳукму фармоиш мебахшад: Монед, равад! Бигзор, хонад! Хезет, хонаро ғундорем! Биёед, давр мезанем.
Сиғаи амр шакли бавосита ҳам дорад, ки он монанди ҳамаи феълҳои бавосита ба воситаи фоили дигар шудан ё нашудани амалро мефаҳмонад: хон — хонон; хонед — хононед; навис — нависон; нависед — нависонед ва ғ.
Аммо шаклҳои кашон — кашонед, пӯшон — пӯшонед, гирон — гиронед//даргирон — даргиронед ва ғ. аслан бавосита бошанд ҳам, дар мавридаш аз сабаби суст шудани чунин маъно ҳамчун феъли бевосита истеъмол мешаванд.
Сиғаи эҳтимолӣ
Сиғаи эҳтимолии феъл дар бораи воқеъ шудан ё нашудани амалу ҳолат аз рӯи тахмин, эҳтимол, гумон ва шубҳа сухан кардани гӯяндаро мефаҳмонад.
Шаклу воситаҳои ифодаи сиғаи эҳтимолӣ низ гуногун буда, замони гузашта, ҳозира ва оянда доранд. Маънии замонии ин гуна шаклҳои феълӣ ҳам вобаста ба сохту таркибӣ онҳо, сохти ҷумла ва оҳанги сухан ифода меёбад.
Шакли маъмулу серистеъмоли сиғаи эҳтимолӣ аз сифати феълӣ гирифта мешавад, ки он ду тарзи ифода дорад: шакли пурра ва шакли мухтасар.
Таркиби шакли пурраи феъли эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гӣ, ба шакли ихтисори ст ба он васл ёфтани ҳаст ва иловаи бандакҳои хабарӣ иборат мебошад.
Шахси сеюми танҳо ҳамчун асос бе бандак меояд. Чунончӣ, тасрифи феъли хондан ба тарзи пурраи сиғаи эҳтимолӣ чунин аст:
Танҳо
Ҷамъ
- хондагистам
- хондагистӣ
- хондагист
хондагистем
хондагистед
хондагистанд
Шакли мухтасари чунин феълҳои эҳтимолӣ низ аз рӯи қоидаи баёншуда сохта шавад ҳам, аз он як андоза фарқ дорад: шакли ихтисори калимаи ҳаст (ст) фақат дар шахси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо