Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
сеюми танҳо дида мешавад; зада одатан дар ҳиҷои аввал меояд:
| Танҳо | Ҷамъ |
|---|
- хондагиям | хондагием
- хондагий | хондагиед
- хондагист | хондагиянд
Дар айни ҳол ин ду тарзи ифодаи сиғаи эҳтимолӣ шаклҳои замони гузашта буда, барои шаклҳои дигари замони сиғаи эҳтимолӣ низ ҳамчун асос хизмат мекунад. Дар забони гуфтугӯӣ ва лаҳҷаҳо истеъмоли шаклҳои дигари ин сиға низ дида мешавад:
Бечора, балки ин модар доштагист, ки вай ҳам ман барин муштипар ва барҷомонда будагист (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ягон моҳ шудагист (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Сипас «дастурӯ мешустагистед» гуфта... камераи кӯҳнаи ре-зинии пуробро бардошта омад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунав-вар). Агар ман ба гапи шумо дарояму ӯро ба худ ёр гирам, ба ӯ дил бандам, балки дар оянда ҳамроҳи ӯ монандӣ инсон зиндагӣ ба сар мебурдагем.
Шакли эҳтимолии феъли будан аксар замони ҳозира, го-ҳо замони ояндаро мефаҳмонад. Масалан:
Агар ҳамон фаранҷидор Пӯлод набошад, миёнаравак бу-дагист. — Ягонга тақдир кардагиаш будагист-дия, — мегуфт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Шодӣ ба идораи ҷамоа рафта буд, — гуфт мӯйсафед, — дар ҳамон ҷо будагист (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Замони ҳозира-ояндаи сиғаи эҳтимолӣ бо ҳамроҳ карда-ни префикси ме- ба сифати феълии замони гузашта бо суф-фикси -гӣ ва иловаи бандакҳои хабарӣ ифода меёбад: меома-дагистам//меомадагиям, меомадагистем//меомадагием, меома-дагистӣ//меомадагиӣ, меомадагистед//меомадагиед, меомада-гист-меомадагистанд//меомадагиянд.
То баҳор сохта тамом мекардагистем-а, рафиқ Баротов? (С. Улуғзода, Навобод). Не, ҳанӯз нафурӯхтаам, — гуфт каллапӯшфурӯш дар ҷавоб. — Бояд фурӯхта бошед-куя, лекин пулашро чанд рӯз кор мефармудагед! — гӯён Қорӣ-ишкамба нобоварӣ изҳор кард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Надонам, ба ягон ҷой сарф мешудагист-дия, — гуфт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Акнун дигар одам намеомадагист (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Сиғаи эҳтимолӣ шакли замони ҳозираи давомдор (муайян) низ дорад, ки таркибаш чунин аст: феъли асосӣ ба шакли феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта) ва феъли ёридиҳандаи истодан ба шакли эҳтимолии замони гузашта омада, бо шакли пурра ё мухтасари бандакҳои хабарӣ тасриф меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо