Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сардори гарнизон ҳамроҳи аксарияти аскарон ба операция рафта буд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар роҳ равандаҳои дигар низ пайдо шуда буданд. — Магар Насимҷон барин мардҳоро пеш аз ин вай надида буд? (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ронанда сару рӯяшро шуста буд. — Ҷанги роҳ пароканда шуда буд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

  1. Шакли гузаштаи дури феълҳои истодан, нишастан (шиштан), хобидан (хоб кардан) ва баъзе феълҳои дигар, ки одатан ё дар мавридаш, ҳолату вазъиятро мефаҳмонад, маънии давомнокиро ифода мекунад. Дар шакли гузаштаи дури ин гуна феълҳо маънии амали гузаштаи дур ва ё пеш аз амале содиршуда қариб ҳис карда намешавад. Аз ин рӯ шаклҳои гузаштаи дури ин гуна феълҳо моҳиятан муродифи шаклҳои гузаштаи ҳикоягии онҳо мебошанд. Масалан, муқоиса кунед: нишаста буд — менишаст, хобида буд — мехобид, истода буд — меистод, гӯш дода буд — гӯш медод ва м. ин.:

а) Яроқҳо дар ҷояшон, дар гӯшаи хона истода буданд.— Калашников дар миёнҳои қалъа танҳо, чун ҳайкали пуршукӯҳ рост истода буд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар паси руль Қаҳҳор нишаста буду дар паҳлӯяш Ҳасан (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар қабулгоҳи сафир (Куйбышев) Фирӯза бефаранҷӣ ва Карим ба рӯи курсиҳо нишаста буданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Коваленко дар нишебии баланде рӯ ба замин истода хобида буд. — Ман дар хона хоб карда будам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар берун дар болохона ҳама ба сӯҳбати Карим гӯш дода буданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

б) Анбархола, ки то ин дам хомӯш гӯш карда меистод, тоқат карда натавонисту сухани ӯро аз миён бурид (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дар кабинаи автомобили боркаш ду кас менишаст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

  1. Ибораҳои хабарӣ, ки аз сифати феълӣ (бо суффикси -гӣ) ва феъли будан таркиб ёфтаанд, маънои гузаштаи дурро бо тобиши услуби гуфтугӯӣ ифода мекунанд. Муродифи адабии онҳо одатан ба шакли гузаштаи дур воқеъ мешавад. Чунончи: пухтагӣ буд — пухта буд, даридагӣ буд — дарида буд, баста шудагӣ буд — баста шуда буд ва ғ.

Ман, ки ҳисоби абҷадро ёд гирифтагӣ будам, ин гапҳои падарамро ба зудӣ ва осонӣ фаҳмидам... — Ҳоло ҳам бекашӣ будам, кафши булғорам тамоман даридагӣ буд ва бо ин кафш дар даруни яху барфи ҳавлӣ ва кӯча мегаштам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Одилов аз дастаи ҷангворонаш ҷудо, гирду атрофаш даҳ-понздаҳ нафар аз йигитҳои қӯрбошӣ печонида гирифтагӣ буданд. — Зан бисёр монда шудагӣ буд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Ёдоварӣ: Ибораи хабарии сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гӣ ва шакли ҳикоягии феъли ёридиҳандаи

пешина
аз 457
навбатӣ