Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
- Шакли ҳозираю оянда амали доимии хоси шахсу предметро ифода мекунад:
Ман ба мобайни одамон даромада, ба ҳар ош қатиқ шу- данд бад мебинам. — Мегӯянд, ки ситораҳо низ заминро ба андозае равшан мекунанд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Боби-мӣ? — гуфт ва ҳамчун паррандаи гурусна, ки ба сайди худ ҳамла мекунад, рост аз ҷояш хест (Ҳ. Карим, Оқ- шуда). Пахта дар ҷойҳои гарму сероб мерӯяд. Амударё ба баҳри Арал мерезад. Боғи бахил сабз намешавад.
- Шакли ҳозираю оянда амали замони ҳозираро мефаҳ- монад, ки он ё дар айни ҳол давом дорад ва ё бо лаҳзаи му- айян маҳдуд аст. Давомнокии амал бо маънии феъли ҳози- раи давомдор (муайян) мувофиқат дорад. Чунончи:
Мебинам, ки шумо аз гуфтаҳои ман ҳайрон мешавед. — Ҳоло пушаймон мешаваму суд намекунад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ман, Фирӯза, аз клуби занҳо гап мезанам (Ҷ. Икромӣ, Дувоз- даҳ дарвозаи Бухоро). Дада, биҷеед, шуморо фарёд меку- нанд.— Мо боз ҳар ду дар як хона, дар маҳаллаи МТС ис- тиқомат мекунем.— Ин кист? Кӣ менавозад? (Ф. Муҳамма- диев, Сози Мунаввар).
- Шакли замони ҳозира-оянда амали замони ояндаро ме- фаҳмонад, ки дар он тобиши ҳозира нест. Масалан:
Он шаб қарор доданд, ки пас аз як ҳафтаи дигар падару писар ба Бухоро мераванд ва аз аҳволи наздиконашон хабар гирифта бармегарданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухо- ро). Ман ба ҳамрохонам даромада мегӯям, ки ба Конибодом рафта, дар ҳавлии ошноям мехобаму пагоҳӣ баргашта мера- вам. — Рӯзҳои сахт гузашта мераванд, калон мешавӣ, фаро- мӯш мекунӣ (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Шакли ҳозира-оянда амали замони ояндаро бо тобиши маъноии шарт, хоҳишу амр ифода карда метавонад, ки чу- нин тобишҳои маъной одатан бо шакли аорист ё фармоиш ифода меёбанд. Дар ин маврид префикси ме- тобиши пре- фикси би-ро дорад. Чунончи:
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор (М. Турсунзо-да). Шумо, ҷаноб, маро мебахшед, манфиати давлат, ватан инро талаб менамояд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Илоҷи ту ҳамин, ки ё аз ҷон мегузарӣ, ё ба дилдорат мерасӣ! — Агар ба ман аз Москва ва ё Тошкент телефон шавад, чеғ мезанед (Ҷ. Ик-ромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
- Шакли замони ҳозираю оянда барои ҷоннок кардани тасвир дар нақли воқеаи гузашта кор фармуда мешавад, ки маънои замони гузаштаро дорад. Масалан:
Чун агент мебинад, ки ҷанг мешавад, маҷбур мешавад, ки озод кардани маҳбусонро аз амир талаб кунад. Амир ваъда медиҳад. Аммо аскарон ин ваъдаро бовар намекунанд ва мегӯянд, ки «мо рафта ба дасти худ маҳбусонро халос мекунем» (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. I). Николай Тихонов ҳикоя

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо