Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мекунад, ки боре бо сардории ӯ чанд нафар нависандагони советӣ... ба Қарочӣ мераванд. Вақте ки ба сарҳад наздик меояд, сардори посбонон... ба назди онҳо меояд ва бо тамоми дастуру қоидаҳои ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро талаб мекунад. Онҳо ҳуҷҷатҳоро ба дасти ӯ медиҳанд. Сардор тасодуфан аввал ҳуҷҷати Мирзо Турсунзодаро мекушояд, якбора бар рухи ҷиддии ӯ табассум гул мекунад (М. Миршакар, Садои Шарқ, 1971, № 9).

III. Замони ояндаи феъл

Феъли замони оянда амалеро мефаҳмонад, ки он пас аз лаҳзаи нутқ, яъне баъд аз сухан рондан дар бораи вай воқеъ мешавад. Ба эътибори чунин маънии грамматикӣ чанд шакли феъл мавҷуд аст, ки бевосита ё вобаста ба матн замони ояндаро ифода мекунад. Шаклҳои зерини феъл ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.

Феъли фармоиш

Феъли фармоиш замони ояндаро ифода мекунад ва фақат шахси дуюми танҳову ҷамъ дорад, ки шахси танҳои он асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад: паз — пазед (пазетон), хӯр — хӯред (хӯретон) ва ғ.

Ин шакли феъл бо префикси би- омада метавонад (бирав — биравед) ва шакли танҳои он гоҳо дар назм бо префикси ме- меояд (мерав, мехон, мебошад). Тобишҳои маъноии феъли фармоиш дар матн зоҳир мешаванд (ниг. Сиғаи амр).

Аорист

Шакли аористи феъл аз асоси замони ҳозира бо иловаи бандакҳои шахсии феъл сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо

  1. ман хонам
  2. ту хонӣ
  3. вай (ӯ) хонад

Ҷамъ

  1. мо хонем
  2. шумо хонед
  3. онҳо хонанд

Чунон ки дида мешавад, шахси дуюми ҷамъи аорист аз ҷиҳати сохт айнан монанди шахси дуюми ҷамъи феъли фармоиш мебошад (хонед — хонетон ва ғ). Шакли аорист ҳам бо префикси би- омада метавонад. Чунончи:

пешина
аз 457
навбатӣ