Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Воҳиди асосии фонетика фонемаҳои алоҳида мебошанд, ки онҳо ба ҳамдигар зич алоқаманд буда, системаи ягонаро ташкил медиҳанд. Фонетика ҷиҳати овозӣ ва хусусияти физиологияи воҳидҳои асосии нутқ ва дар навбати аввал фонема, тағйирёбӣ ва алоқаи байни фонемаҳоро меомӯзад.

Фарқи маъноӣ ҳосил кардани овозҳои нутқ, пеш аз ҳама, дар калимаҳо зоҳир мегардад, ки онро грамматика ва лексикология мувофиқи мавзӯи худ меомӯзанд. Фонетика бо грамматика ва лексика зич алоқаманд аст; вай барои грамматика материали бинокорӣ ба шумор меравад.

Дар грамматика қоидаҳои умумии сохта шудани ибораҳо, ҷумлаҳо ва ифода гардидани категорияҳои гуногуни онҳо омӯхта мешаванд.

Як фикр, як мафҳумро вобаста ба шароит ва мақсад бо тарзҳои гуногун ифода кардан мумкин аст. Вобаста ба ин калимаҳо низ характери гуногун мегиранд. Чунончи, калимаҳои дам шудан, нигоҳ кардан дар нутқи гуфтугӯӣ кор фармуда мешуда бошанд, калимаҳои синонимии онҳо: лаб фурӯ бастан, назар афкандан характери нутқи китобӣ доранд. Ба шароит ва мақсад вобаста кор фармуда шудани воситаҳои ифодаро боби алоҳидаи фанни забоншиносӣ — услубшиносӣ меомӯзад.

Ибораҳо, калимаҳо, ҳатто морфемаҳо дар шароити маълум ва муайян чун воҳидҳои сермаъно ва ё аз ҷиҳати маъно ба якдигар наздик истифода шуда метавонанд. Дар ҳамин асос калима ва ибораеро бо калима ва ибораи дигари аз ҷиҳати маъно наздик иваз кардан ва инчунин бо восита ва роҳҳои гуногун ифода кардани як фикр мумкин мегардад.

Услубшиносӣ тарзу воситаҳои таъсирбахш ва ифоданок баён кардани фикрро меомӯзад.

Мавзӯи морфология. Омӯхтани тағйирёбии калимаҳо, восита ва тарзҳои сохта шудани шаклҳои гуногуни калима мавзӯи морфология мебошад.

Тағйирёбии як калима, ки мафҳуми асосиро ифода намуда, дар айни замон ба он мафҳуми иловагие ҳамроҳ мекунад ва ё дар ҷумла калимаеро ба калимаи дигар мебандад, шакли калима номида мешавад: хонам, хонӣ, мехонам ва монандӣ ин шаклҳои гуногуни як калима мебошанд, — бале калимаҳои хоно ва хонишро шаклҳои як калима шуморидан ҳаргиз дуруст нест, зеро ин ду калима мафҳумҳои алоҳидаи навро ифода мекунанд.

Ба воситаи морфемаҳо на танҳо шаклҳои гуногуни як калима, балки калимаҳои нав низ сохта мешавад. Бинобар ин омӯхтани калимасозӣ низ ба мавзӯи морфология дохил мешавад.

Сохти калима ва шаклҳои он. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик калима ва шаклҳои калима бо тариқи зерин сохта мешаванд:

  1. Ба воситаи як кардани калимаҳо — сохти мураккаби калимаҳо.

  2. Ба воситаи калимаҳои алоҳида — сохти таркибии калимаҳо ва шаклҳо.

  3. Аффиксатсия — ба воситаи префикс ва суффиксҳо сохта шудани калимаҳо ва шаклҳо.

Ба воситаи тарзи якум калимаҳои мураккаб сохта мешаванд (роҳбар, китобхона, пешқадам, гуфтугӯ); ба тарзи дуюм, бо сохти таркибии калимаҳои нав (чунончи, сар кардан) ва шаклҳои таркибии як феъл (хонда будам, хонда истода будам) сохта мешаванд. Ба воситаи такрор сохта шудани калимаҳо низ ба ҳамин тип дохил мешавад: коғази раҳ-раҳ ва м. ин.

Ба тарзи сеюм, яъне ба воситаи аффиксатсия калима (чунончи, коргар, ақлноқ, ҳамсоя) ва шаклҳои сохта (хондаам, мехондаам) ташкил меёбанд.

Ҳамин тавр, калимаҳо аз ҷиҳати сохташон дар калимасозӣ содда (кор, роҳ, китоб), сохта (ҳамроҳ, коргар), мураккаб (роҳбар, китобхона, хушбахт) ва таркибӣ мешаванд (кор кардан, истироҳат кардан).

пешина
аз 457
навбатӣ