Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҷинсияти занонаро ифода намекунанд. Масалан: сағир — сағира. Бисёр муаннасҳо ба маънии аслии худ танҳо дар адабиёти классикии тоҷик истеъмол ёфтаанд, ки дар забони ҳозираи тоҷик дида намешаванд: мадида (дароз), мансуба, маъмура, сайиа (бад, ганда), самовия (аз самовӣ — само — осмон), сақила (сайқалшуда), саҳбо (муаннаси асҳаб — оташгун, моил ба сурхӣ), салифа (пешина), суфло (муаннаси асфал — пасттар), суғро (муаннаси асғар — хурдтар) ва ғайра.
Дар забони тоҷикӣ баъзе калимаҳои арабии шакли дугонаи ҷамъ низ истеъмол мешаванд: тарафайн, волидайн, саъдайн, қавсайн.
Ҳамаи унсурҳои лексикии арабии ба тоҷикӣ қабулшуда мисли калимаҳои забони тоҷикӣ истеъмол шуда, ба қонунҳои грамматикии забони тоҷикӣ мувофиқат доранд: ба воситаи суффиксҳои ҷамъбандии тоҷикӣ аз онҳо шакли ҷамъ сохта мешавад: қаламҳо, китобҳо, муҳаррирон, муаллифон ва ғайра.
Ба воситаи суффиксу префиксҳои калимасозии тоҷикӣ аз онҳо калимаҳои нав сохта мешаванд: боақл, бомаданият, бадавлат, бартараф, бесабаб, номулоҳиза, ноқобил, ношукр, ноҳақ, манфиатнок, қаламдон, суратгар, насиҳатгар, саодатманд, оиламанд, савлатманд, хасмвор, аламвор, ҳамфикр, ҳамкасб ва ғайра.
Аз феълҳои ёридиҳандаи тоҷикӣ ва калимаҳои арабӣ феълҳои номии таркибӣ сохта шудаанд: эҳсос намудан, талаф шудан, воқеъ гаштан, муҳайё гардидан, тасвир кардан ва ғайра.
Қисми зиёди лексикаи арабии тоҷикӣ аз сабаби серистеъмол будан таркиби ибораҳои устувор ва зарбулмасалу мақолҳои тоҷикиро ташкил медиҳанд. Масалан, қарор бурдан аз касе, қарор гирифтан (дар ҷое), қадам ранҷа кардан, алифро баъқ гуфтан, ақиб партофтан, маслиҳат додан, сабақ гирифтан, ба таъҳир андохтан, хотири ҷамъ, роҳати ҷон, табъи дил, хаёли хом, амри маҳол, амри хайр, ба ҳадди имкон, аз ақл берун, бе қилу қол, вақту соат, хатти ҳаракат, ҳаёту мамот, тарки одат — амри маҳол, аввал таом ва он гоҳ калом, арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат, илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард, ҳарҷи мумсик дучандон, сукут — аломати ризо ва ғайра.
Аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ғайр аз унсурҳои лексикӣ баъзе унсурҳои грамматикӣ ва лексикӣ-грамматикӣ низ гузаштаанд. Масалан, суффикси -от (боғот, сабзавот, меваҷот), -ат (-ят) (партиявият, конкретият) ва пайвандакҳои аммо, лекин (аз лакин//лакинна-и арабӣ), вале (аз валакин//валакинна-и арабӣ).
Муарработ. Калимаҳои муарраб (арабӣ гардондашуда) дар доираи лексикаи забони тоҷикӣ мавқеи муайян доранд. Ин калимаҳо хеле барвақт объекти фикрронӣ ва тадқиқоти забоншиносон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё