Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

шудаанд. Калимаҳои муарраб дар луғатҳои пешина, аз ҷумла дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» низ қайд ёфтаанд. Соҳиби «Фарҳанги Рашидӣ» Рашидиддини ат-Татавӣ муарработро дар рисолаи махсусе тасниф намуда, дар хусуси тағйироти структурии ин қабил калимаҳо, ки бо таъсири қонунияти фонетикӣ-грамматикии забони арабӣ рӯӣ додааст, таваққуф менамояд.

Калимаҳои муарраб шоҳид ва факти равшани муносибатҳои таърихӣ ва таъсири ҳамдигарии забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ мебошанд ва аз ин ҷиҳат ҳамчун факторҳои хоси забонӣ ташаккул ва инкишофи таркиби луғавии забонро дар марҳалаҳои гуногуни он то андозае равшан менамоянд. Калимаҳои тоҷикӣ, ки арабӣ шудаанд, албатта дар натиҷаи ба забони арабӣ дохил шудани онҳо ба чунин тағйирот дучор гаштаанд, лекин муарработ фақат ба лексикаи арабӣ хос нест. Масалан, муарработи тоҷикӣ сайри таърихии махсус дорад. Калимаҳои чӯраб, аблақ, ҳандақ, ҷизья, хонақоҳ, Ҷурбодкон, Каҳистон, Қум, ки арабишудаи гураб, аблақ, канда, газит, хонагоҳ, Гулпойгон, Кӯҳистон, Гунб мебошанд, дар аввалҳои давраи инкишофи забон ва адабиёти тоҷик дар шаклҳои аслии худ кор фармуда шудаанд ва баъдтар танҳо дар шакли арабӣ интишор ва истеъмол ёфтаанд. Баъзе муаррабҳо дар осори классикони адабиёти тоҷик дар ду шакл низ вомехӯранд (лигом — лачом, пиёда — байдақ, гулоб — ҷуллоб, саропарда — сародиқ, ҷамъаш — сародиқот, чева — зайбак, лил — фил ва ғайра). Бисёр калимаҳои арабишуда танҳо дар забони арабӣ боқӣ мондаанд ва баъзе дар арабӣ низ ба қатори калимаҳои архаистӣ ва таърихӣ дохил шудаанд. Масалан, сак муарраби чак (ҳуҷҷат, маншур), тассуҷ — муарраби тасу (ҳиссае аз 24 ҳисса: воҳиди вазн ё пули). Аз муарработ калимаҳоеро низ номбар кардан мумкин аст, ки танҳо дар шакли арабишуда истеъмол мешаванд. Масалан, ибриқ — муарраби обрез; шатранҷ — муарраби шатранг; норанҷ — муарраби норанг; норҷил — муарраби норгил.

Гурӯҳи дигари калимаҳои муарраб дар шакли таъриб фақат хоси забони арабианд ва дар тоҷикӣ асосан дар шаклҳои аслии худ кор фармуда мешаванд. Масалан, фолуза — полуда, дебоҷ — дебо, рустоқ — русто, миск — мушк, бошак — боша, шалҷам — шалғам, ҳиндоза — андоза, сироҷ — чироғ, нарҷис — наргис ва ғайра.

Дар доираи ин гурӯҳи лексика калимаҳоеро дучор мекунем, ки аслан тоҷикӣ набуда, ба забону лаҳҷаҳои дигар нисбат доштанд. Масалан, калимаи юнонии kalopodhion дар тоҷикӣ ба шакли колбад (колбуд) қабул шуда бошад, забони арабӣ онро ба шакли маънии яке аз бобҳои феъли қалаба мувофиқ гардонида, ба сурати қолаб (қолиб) таъриб намуд ва ин калима баъдтар дар тоҷикӣ низ ба ҷои калимаи колбад истеъмол шудан гирифт. Мисли ҳамин калимаи файласуф

пешина
аз 457
навбатӣ