Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба Когон расидани худро надониста монд (Икромӣ). Ин шайтон ба ҳавлиаш рафтанамро аз куҷо фаҳмида бошад? (Айнӣ).

Масдар дар ибораҳои изофӣ муайянкунанда ва ё муайяншаванда шуда меояд: Сабаби ғирч-ғирч кардани кафши Муллотуробро аз ӯ пурсиданд (Айнӣ). Як порча нони хӯрдан надошт (Ҷ. Икромӣ). Харбуза меканданду шоҳиди ба қишлоқ омадани Асадмаҳсум шуда буданд (Икромӣ). Дар Бухоро... аз шаби ба ҳавлии Қорӣ-Ишкамба рафтанамон боз монугир барф меборид (Айнӣ).

Ниҳоят, масдарҳо ба вазифаи ҳолҳои мухталиф меоянд. Гулшан аз дер кардани Соро дилтанг шуда буд (Икромӣ). Пӯлод аз он ки Салимбой барои дидани модарон ба хонааш омадааст, хурсанд шуд (Р. Ҷалил). Дар вақти мурданам ба тарзи васият хоҳам гуфт (Айнӣ). То аз сайлгоҳ баромадани вай ба пурсиш ва суолҳо, ба ишора ва нидоҳои Анбархола ҷавобе надод (Икромӣ). Дар натиҷаи беаҳамият нигоҳ кардани мо рӯй додааст (Икромӣ). Бо вуҷуди панҷ паҳлавонро ғалтонданаш дар маърака чунон меистод... (Айнӣ). Китобҳои адабиётро ба шарти дар хонаи худаш нишаста мутолиа кардан медод (Айнӣ). Бо шунида шудани овози пои касе... сухани бойбача бурида шуд (Айнӣ). Инҳо ба сабаби дар мадраса ҳуҷраи зархарид надоштанашон алоқаашонро аз онҳо намеканданд (Айнӣ).

Масдар шакли кӯтоҳ дорад, ки бо асоси замони гузаштаи феъл шаклан як аст. Масдарҳои кӯтоҳ дар яке аз шаклҳои феъл ва баъзе таркибҳои феълии дигар пас аз калимаҳои модали меоянд:

а) дар шакли таркибии замони ояндаи сиғаи хабарӣ: хоҳам рафт, хоҳанд хонд, хоҳӣ шунид, хоҳем дид...

б) дар таркибҳои феълие, ки бо калимаҳои модали бояд, шояд, мебояд, боист, мебоист, тавон, метавон сохта шудаанд. Таркибҳои мазкур бештар дар назм вомехӯранд: Лайлиро бо чашми Маҷнун бояд дид (зарб.). — Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт (Айнӣ). Камбағалони ҷаҳонро муттаҳид бояд намуд — Ҷанг бо урдуи истисмор мебоист кард (Лоҳутӣ). Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард (зарб.). Гуфт рассом: аз ту чун тасвир бояд кашид? — Гуфтамаш: Дар шӯъла як шамшер мебояд кашид (Лоҳутӣ).

Дар таркибҳои феълие, ки бо калимаҳои модалии «даркор», «зарур», «лозим», «мумкин» сохта шудаанд, шакли пурраи масдар кор фармуда мешавад: Ин одамро аз мадраса пеш кардан лозим (Айнӣ). Баҳрро дар пиёла ҷой додан мумкин нест (зарб.).

Шакли кӯтоҳи масдар дар забон чун исми амал кор фармуда мешавад: даромади колхоз, баромади офтоб, рафти кор, гашти рӯз.

Масдар шакли кӯтоҳи дигаре низ дорад, ки бо сифати

пешина
аз 457
навбатӣ