Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
феълии замони гузаштаи якум ҳамшакл аст. Ин шакли масдар одатан бо феълҳои ёридиҳандаи модалии «тавонистан» ва «шудан» меояд ва пеш аз феълҳои ёридиҳанда ҷой мегирад: Ин мард аз он одамоне набуд, ки пиёда ё савора ба сари ин кӯҳ баромада тавонад (Айнӣ). Офтобро бо доман пӯшида намешавад (зарб). Ноҳунро аз гӯшт ҷудо карда намешавад (зарб). Шеър хонда натавонистани ӯро Оймуллои танбӯр мефаҳмид (Икромӣ).
Гоҳо бо ин феълҳои модалӣ шакли пурраи масдар ҳам таркиб месозад: Лекин ин майли охирини туро — Ҳеҷ кардан наметавонам адо (М. Турсунзода). Ин бачагони бо ҳам унс гирифтаро тамоман аз якдигарашон ҷудо карда нишон додан намешавад (Икромӣ). Албатта, ту ноҳаққории онҳоро бо ду шоҳиди одили мусулмон исбот кардан наметавонӣ (Айнӣ).
Феъли ёридиҳандаи «гирифтан» бо шакли пурраи масдар таркиб сохта, ибтидо ва давоми амалро ифода мекунад: Мирнизом ҳам ба косааш нон пора кардан гирифт (Айнӣ). Қорӣ-Ишкамба ин суханро гуфта, ба баргаштан муҳайё шудан гирифт (Айнӣ). Баъд аз он ки кишт аз гармиям офтоб пажмурда шудан гирифт, як бор об дод (Айнӣ).
Агар дар чунин таркибҳо феъли модалии хостан ояд, масдар дар шакли пурра кор фармуда мешавад: У хестан мехост, аммо наметавонист (Р. Ҳалил). Рашидов, ки ҳақиқатан кор кардан мехост, ҳамин районро интихоб кард (Ҷ. Икромӣ).
СИФАТИ ФЕЪЛӢ ВА ФЕЪЛИ ҲОЛ
Сифати феълӣ ва феъли ҳол шаклҳои тасрифнашавандаи феъл мебошанд.
Сифати феълӣ дорои аломатҳои морфологӣ ва синтаксисии ҳам феъл ва ҳам сифат аст. Бинобар ин сифати феълӣ ном дорад. Аммо ба категорияи асосии феъл соҳиб будани сифати феълиро ба назар гирифта, онро ба гурӯҳи феъл дохил мекунанд ва яке аз шаклҳои номии феъл ба шумор меравад: Ман аз колхозчиён шунида будам, ки заминҳои бо трактор рондашуда дучанд ҳосил додаанд (Айнӣ). Дар ин ҷо сифати феълии рондашуда замони гузашта, намуди мутлақ ва тарзи мафъули феълро ифода карда, хусусияти феълӣ зоҳир намуда бошад ҳам, муайянкунандаи исм (заминҳо) шуда, монанди сифатҳо дар қолиби ибораи изофӣ воқеъ шудааст.
Дар процесси инкишофи таърихии забони адабии тоҷик ҷиҳатҳои феълии баъзе сифатҳои феълӣ суст гардида, хусусияти нави грамматикӣ пайдо кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор