Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
гирифтагӣ (монда), чеғ задагӣ (гузаранда) — гулдуррос задагӣ (монда).
Сифати феълии монда бо ёрии суффикси -он ба гузаранда тадил меёбад: хандида — хандонда, нишаста — шинонда, гузашта — гузаронида ва ғайра. Мисол: Кампири 80-солаи умрашро дар сахтӣ гузаронида ба гуфтани як-ду ҳикоя ё афсона монда нашуд (С. Айнӣ). Ӯ ба се фӯтаи лах-лахай ба миён печонидаш чизҳои бисёре овехта буд (Р. Ҷалил).
Агар суффикси -он ба сифати феълии гузаранда ҳамроҳ шавад, сифати феълии гузарандаи бавосита ҳосил мешавад: пӯшида — пӯшонда, навиштагӣ — нависондагӣ...
Мазмуни мактубҳои нависондагиатонро ба ӯ нақл кардам (Ҷ. Икромӣ). Либосҳои ба Шарифа дӯзондаатон хеле зебидааст (Р. Ҷалил).
Сифатҳои феълии забони тоҷикӣ се тарз доранд: тарзи фоил, тарзи мафъул ва тарзи миёна.
Сифатҳои феълии тарзи фоил аломати субъектро бо амали гузаранда ифода мекунанд, ки ба объект бевосита равона намешавад: Дар току деворҳои даруни бино ҳайкалҳои модарони дар кафи худ кабӯтари сафеди сулҳ доранда сохта шудаанд (М. Турсунзода). Вақте ки ҳаво тамоман торик гашту на аз домод ва на аз Арслоналии подаро ронда рафтагӣ дараке нашуд, пиразан ҳам беқарор гардид (Р. Ҷалил).
Сифатҳои феълии тарзи мафъул аз сифатҳои феълии тарзи фоил бо ёрии феъли «шудан» сохта шуда, аломати предметро ифода мекунанд, ки дар ҳақиқат объекти амал аст. Дар ин маврид субъект фақат ҳамчун пуркунандаи бавосита омада метавонад:
Деҳқон чакмани ба тагаш паҳн кардашударо мебарорад (Р. Ҷалил). Рӯшноиро аз як даричаи ба рӯи саҳни беруни мадраса кушода мешудагӣ мегирифт (С. Айнӣ).
Дар ҷумлаи зерин субъект ҳамчун пуркунандаи бавосита ифода шудааст. Сиддиқхон маоши аз подшоҳӣ ба худаш додашавандаро ба китобхарӣ сарф кард (С. Айнӣ).
Хулоса, тарзҳои фоил ва мафъул бо феълҳои гузаранда ифода мешаванд.
Худи сифатҳои феълии таркибии номӣ бо феълҳои ёридиҳандаи «шудан», «гаштан», «ёфтан», «дидан» тарзи мафъулро ҳам ифода мекунанд: Инҳо аввал лафзбозиҳо, муаммоҳо, қасидаи аз ҳарфи бенуқта тамомшаванда барин корҳоро ба даст дароварданд (С. Айнӣ). Чашмони аз мастӣ хирашудаи ман ӯро намешинохт (С. Айнӣ). Унвони маълум ва машҳури аз тарафи уламо ва сипоҳиён қабулёфтаи ӯ буд (С. Айнӣ). Монанди гули хазондида хеле пажмурда ба назар меояд (С. Айнӣ).
Агар дар ибораи изофӣ сифатҳои феълии гузарандаи замони гузашта, ҳозира-оянда ва ҳозираи муайян ба вазифаи муайянкунанда оянд ва муайяншаванда чун объекти онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор