Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

хизмат кунад, тарзи мафҳул низ ифода меёбад. Дар ин сурат сифатҳои феълӣ асосан бо бандакҷонишинҳои шахсию соҳибӣ ифода мешаванд: Мо маҷбур шудем, ки оби аз ҳавз овардаамонро зуд кор фармуда бақияашро резонем (С. Айнӣ). Ту боз як бори дигар байти навакак хондаатро хон ва аз ман ҷавоб шунав (С. Айнӣ). Кори мекардагиатро ман ҳеҷ нафаҳмидам-ку! (С. Улуғзода). Одина ҳар рӯз пагоҳӣ аз оғил молҳоро гирифта ба чаро мебурд ва бегоҳӣ ҳезумҳои он рӯз аз дара ва кӯҳ шикаста гундоштагиашро ба ҳар бор карда, рамаро пеш андохта ба хонаи ҳӯҷаини худ меовард (С. Айнӣ).

Тарзи мафҳул махсусан дар ибораҳое, ки субъекти мантиқӣ доранд, боз ҳам равшантар ифода мешавад: Чархҳои падарам тарошидаро ҳам касе нахарид (С. Айнӣ). Ман ягон усули нави шумо намедонистагиро кор намефармоям (С. Улуғзода). Заминҳои сел шуста бурдаро вайрон кардан гирифтанд (Ҷ. Икромӣ). Агар чизи вай ёд дода истодаро дуруст гуфта натавонад, бо остини васеу дарози куртааш ба рӯи ӯ мезад (С. Айнӣ).

Агар муайяншавандаи ин шаклҳои сифати феълӣ ҳамчун субъект омада бошад, тарзи фоилро мефаҳмонад: одами мактуб навиштагӣ, бачаи китоб овардагӣ, духтараки суруд хондагӣ, зани хӯрок пухтагӣ...

Сифатҳои феълии тарзи миёна бо феълҳои монда омада амалу ҳолатро ҳамчун аломати субъект ифода мекунанд. Сифатҳои феълии тарзи миёна бо объекти бевосита ҳеҷ ифода намешаванд: Ба деҳқонони аз саҳро омада «чой» гуфта мефурӯшад (С. Айнӣ). Дарахтони бед, гуҷум ва тут ҳам монанди зардолуҳои даҳорон шукуфта шукуфазореро ба назаратон ҷилва мекунониданд (С. Айнӣ). Ҳамаи ин аҳли аз шодӣ ва хурсанӣ ба пӯсти худ намегунҷидагиро ба шаҳр фуровард (Ҳ. Карим).

Сифатҳои феълӣ дар забони тоҷикӣ се замон доранд: замони ҳозира, гузашта ва оянда. Категорияи замон ҳамчун хусусияти барҷастаи сифати феълиро ҳамеша дар доираи феъл нигоҳ медорад.

Замони ҳозира: Тирҳои жолавор борандаи пулемёти босмачиён дар як ҷо ғун истодаро тут барин мерехт (С. Айнӣ). Сухани паст-паст гуфта истодаи ҳамон профессор ба гӯши ҳама равшану гӯё мерасид (Р. Ҳалил).

Замони гузашта: Мо порчаҳои дар дасти додари шоир мондаро навишта гирифтем (С. Айнӣ). Куртаи крепдешини гулобиранг ва хеле санъаткорона дӯхташударо дар бар кард (Ҷ. Икромӣ).

Замони оянда: Маърӯзаи ҳисоботии дар бюрои райком мекардагиашро бароварда хонда нишаст (С. Улуғзода). Шабона дарсҳои гузаштаро такрор ва дарсҳои хондашударо тайёр мекардам (С. Айнӣ).

Сифатҳои феълӣ монандӣ феъл хусусияти вобастакунӣ

пешина
аз 457
навбатӣ